Дар Парки табиии таърихии «Сари Хосор» бахшида ба ҷашни табиат ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 02.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 20-солагии таъсиси Парки табиии таърихии «Сари Хосор» дар Ҷамоати деҳоти «Сари Хосор»-и ноҳияи Балҷувон ҳамоиши ҷашни табиат баргузор гардид. Ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ки иштирокдорони ҳамоиш нахуст дар намоишгоҳи кишоварзии ноҳияи Балҷувон бо дастовардҳои кишоварзони ноҳия шинос шуданд.
Дар ҳамоиши ҷашнӣ Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода иброз дошт, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар партави сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди босуботи низоми ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда таъмин гардида, соҳа ба дастоварду нишондиҳандаҳои назаррас ва бесобиқа ноил гардид. Парки табиии «Сари Хосор» соли 2003 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифз ва нигоҳдории ҷангалҳои паҳнбарг ва мезофилии Тоҷикистони марказӣ, олами ҳайвоноти хоси минтақаи мазкур ва ҳамчунин рушди сайёҳии экологӣ ва илмию маърифатӣ таъсис дода шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки дар рушд ва муҳофизати Парки табиӣ таърихии «Сари Хосор» мақомоти иҷроияи маҳал низ саҳми шоиста дорад. Масоҳати Парки табиии «Сари Хосор» 3805 гектарро ташкил дода, бинобар мавқеи ҷойгиршавӣ ва биоҷуғрофӣ Парки «Сари Хосор» дорои экосистемаи хос ва бойю гуногунранг мебошад. Парки табиии «Сари Хосор» дар минтақаи Осиёи Марказӣ беҳамто буда, бойигарии хоси онро ҷангалҳои кӯҳӣ, ки аз чормағззор ва якчанд намуд дарахтони мевадиҳандаи ёбоӣ ва дигар намуди олами наботот иборат мебошанд, ташкил медиҳанд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон











Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд






