Дар Пекин вохӯрии роҳбарони мақомоти гумруки давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Чин баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 18.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода дар ҳошияи Форуми сеюми байналмилалии «Як камарбанд- Як роҳ», ки 17 октябр дар Пекин оғоз ёфт, дар вохӯрии роҳбарони мақомоти гумруки давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Чин сухан гуфт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Хуршед Каримзода оид ба тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти содагардонии расмиёти савдо, рақамикунонии соҳаи гумрук ва дигар масъалаҳои муҳими соҳа ибрози назар намуда, гуфт, ки ҷоннок намудани ҳамкорӣ байни мақомоти гумруки минтақа барои зиёд намудани гардиши тиҷорати хориҷӣ, пешгирии воридшавии ғайриқонунии молу воситаҳои нақлиёт бо роҳи мубодилаи электронии маълумот ва дигар самтҳои афзалиятнок ба манфиати кор хоҳад буд.
Роҳбарони мақомоти гумруки давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Чин ҳавасмандии худро барои таҳкими ҳамгироии муштарак дар масъалаҳои ҳамгироии низоми «Равзанаи ягона» дар тиҷорати хориҷӣ, бартараф намудани мушкилиҳо дар гузаргоҳҳои наздисарҳадӣ, тақвияти татбиқи низоми «Идораи таваккал» ва пешбурди механизми «Танзимгари ваколатдори иқтисодӣ» иброз намуданд.
Дар фарҷом ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки чунин мулоқотҳоро мунтазам баргузор намуда, харитаи роҳро дар доираи гурӯҳҳои корӣ ҷиҳати амалисозии вазифаҳо ва мақсадҳои мубрами соҳа таҳия ва тасдиқ намоянд.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






