Дар шаҳри Хабаровски Федератсияи Русия Рӯзи фарҳанги тоҷикон доир шуд

Октябрь 18, 2023 18:50

ДУШАНБЕ, 18.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хабаровски Федератсияи Русия бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони Шарқи Дур Рӯзи фарҳанги тоҷикон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар доданд.

Дар маросим масъулони намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хабаровск, ҷамъияти тоҷикони шаҳри Нюнгери Саха -Якутия, ҳамватанони муқимӣ, донишҷӯёни тоҷики муассисаҳои таълимии Хабаровск ва фаъолону ҷавонон иштирок намуданд.

Иштирокчиён вобаста ба арзишҳои фарҳангӣ, фарҳанг-ҳамчун омили муттаҳидӣ ва василаи густариши муносибатҳои халқҳо, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муносибатҳои ҳамҷаворӣ ва бародарии ду халқи бузург- тоҷику рус сухан гуфтанд.

Дар ҳамоиш намоиши расму оинҳои миллии мардумӣ аз ҷониби тоҷикони ин минтақаи дурдаст ба намоиш гузошта шуда, ба меҳмонон доир ба аҳамияти расму оинҳои миллӣ, арзишҳои фарҳангии миллати тоҷик ва хусусияти фарқкунандаи он иттилоъ дода шуд.


Дар баробари ин барои меҳмонон либосҳои миллии тоҷикӣ, ки маҳсули дасти занону духтарони тоҷик дар ин минтақа ба ҳисоб мераванд, ба намоиш гузошта шуд.

Иброз гардид, ки занону духтарони тоҷик барои тарғиби арзишҳои милливу маданӣ ҳамеша дар чорабиниҳои муҳими ҷамъиятиву давлатии Хабаровск бо намоиши маҳсули дастранҷи худ фаъолона иштирок менамоянд.

Инчунин хӯрокҳои миллии тоҷикӣ ба намоиш гузошта шуда, меҳмонон ва иштирокчиёни барномаи фарҳангӣ бо тарзи омода намудани онҳо шинос гардиданд. Ҳамоиш бо намоиши барномаи рангини фарҳангӣ анҷом ёфт.

АКС: Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия

Октябрь 18, 2023 18:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд