Дар шаҳри Хабаровски Федератсияи Русия Рӯзи фарҳанги тоҷикон доир шуд
ДУШАНБЕ, 18.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хабаровски Федератсияи Русия бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони Шарқи Дур Рӯзи фарҳанги тоҷикон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар доданд.
Дар маросим масъулони намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хабаровск, ҷамъияти тоҷикони шаҳри Нюнгери Саха -Якутия, ҳамватанони муқимӣ, донишҷӯёни тоҷики муассисаҳои таълимии Хабаровск ва фаъолону ҷавонон иштирок намуданд.
Иштирокчиён вобаста ба арзишҳои фарҳангӣ, фарҳанг-ҳамчун омили муттаҳидӣ ва василаи густариши муносибатҳои халқҳо, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муносибатҳои ҳамҷаворӣ ва бародарии ду халқи бузург- тоҷику рус сухан гуфтанд.
Дар ҳамоиш намоиши расму оинҳои миллии мардумӣ аз ҷониби тоҷикони ин минтақаи дурдаст ба намоиш гузошта шуда, ба меҳмонон доир ба аҳамияти расму оинҳои миллӣ, арзишҳои фарҳангии миллати тоҷик ва хусусияти фарқкунандаи он иттилоъ дода шуд.


Дар баробари ин барои меҳмонон либосҳои миллии тоҷикӣ, ки маҳсули дасти занону духтарони тоҷик дар ин минтақа ба ҳисоб мераванд, ба намоиш гузошта шуд.
Иброз гардид, ки занону духтарони тоҷик барои тарғиби арзишҳои милливу маданӣ ҳамеша дар чорабиниҳои муҳими ҷамъиятиву давлатии Хабаровск бо намоиши маҳсули дастранҷи худ фаъолона иштирок менамоянд.
Инчунин хӯрокҳои миллии тоҷикӣ ба намоиш гузошта шуда, меҳмонон ва иштирокчиёни барномаи фарҳангӣ бо тарзи омода намудани онҳо шинос гардиданд. Ҳамоиш бо намоиши барномаи рангини фарҳангӣ анҷом ёфт.
АКС: Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия









Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад






