Дар шаҳри Кӯлоб Рӯзи фалак бо шаҳомати хосса гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 10.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Фалак ҳамоиши ҷашнӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар медиҳад.
Ҳамоиш бо иштироки роҳбарияти шаҳри Кӯлоб, шоирону адибон, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ва хонандагону донишҷӯёни донишгоҳ, коллеҷу муассисаҳои таълимии шаҳр доир шуд.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки фалак жанри озод буда, дар шаҳри Кӯлоб ҳамеша дар такомул ва таҳаввулу инкишоф аст. Чуноне ки медонем, Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду нумӯи жанри мусиқии фалак пайваста таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Бо ташаббуси Пешвои миллат 16 ноябри соли 2001 ба ансамбли «Фалак» мақоми давлатӣ дода шуд. Маҳз чунин ташаббусҳои созанда сабаб гардиданд, ки фалак аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун мероси фарҳанги умумибашарӣ эътироф гардад.
Ҳамчунин дар вазъияти тантанавӣ ба як зумра ҳунармандони шаҳри Кӯлоб барои хизматҳои назаррас, ноил гардидан ба дастовардҳои пурсамари меҳнатӣ, саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳаи фарҳанг Сипосномаи Раиси шаҳри Кӯлоб тақдим шуд.
Дар идомаи ҳамоиш барномаи фалаксароёни шаҳри бостонии Кӯлоб пешниҳоди иштирокчиён гардид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб








Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд






