Дар шаҳри Санкт-Петербург намоиши ҷашнии Осорхонаи миллии Тоҷикистон баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 24.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи январи соли 2024 дар доираи Созишномаи ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи давлатии таърихи сиёсии Русия дар шаҳри Санкт-Петербург бахшида ба 80-солагии озодшавии шаҳри Ленинград аз фашизм ва корнамоии қаҳрамононаи халқи тоҷик дар он намоиши муштарак баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев иттилоъ дод.
Барои намоиш аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ беш аз 100 ашёи гуногуни таърихӣ, аз қабили аризаҳои ихтиёрии иштирокчиёни ҷанг, аксҳо, мусаввараҳо, плакатҳо, сӯзаниҳо, зардевориҳо, лавозимот ва сару либоси ҷангӣ интихоб шудаанд, ки инъикосгари шуҷоату мардонагии мардуми тоҷик дар ғалаба бар фашизм мебошанд.
Бо мақсади омодагӣ ва дар сатҳи баланди касбӣ баргузор намудани ин намоиш ҳайати кормандони Осорхонаи давлатии таърихи сиёсии Русия дар шаҳри Санкт-Петербург бо роҳбарии муовини директори генералӣ Юлия Усачева ба Осорхонаи миллӣ омад.
Дар мулоқоте, ки директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода бо ҳайати меҳмонон анҷом дод, масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти фаъолияти осорхонавӣ баррасӣ гардид.
Ҳамзамон меҳмонон бо осори гуногуни таърихию фарҳангие, ки инъикосгари қаҳрамониҳои халқи тоҷик дар озод намудани шаҳри Ленинград аз фашизм мебошанд, шинос шуданд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон










Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд






