Дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Бишкек 20 санад қабул гардид

Октябрь 27, 2023 11:06

ДУШАНБЕ, 26.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Иштирокдорони ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар он Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иштирок намуд, 26 октябр дар Бишкек 20 санад қабул намуданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Дар ҷаласа табодули афкор доир шуда, масъалаҳои ба рӯзнома дохилшуда баррасӣ гардиданд. Аз ҷумла, Барномаи байнидавлатии ҳамкории давлатҳои ИДМ дар соҳаи геодезия, харитасозӣ, маълумоти фазоӣ, технологияҳои геоиттилоотӣ, санҷиши фосилавии Замин, баҳисобгирии кадастрӣ ва бақайдгирии ҳуқуқ ба амволи ғайриманқул барои давраи то соли 2026 тасдиқ гардид.

Консепсияи табдили рақамии соҳаҳои гуногуни сӯзишворӣ ва энергетикии давлатҳои иштирокчии ИДМ ва Нақшаи дахлдори чорабиниҳо оид ба татбиқи он, Барномаи мақсадноки байнидавлатии «Барқарорсозии қаламравҳои давлатҳое, ки ба истеҳсолоти истихроҷи уран дучор шудаанд», Маҷмуи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи кӯҳӣ-металлургӣ, Низомнома дар бораи платформаҳои технологӣ дар доираи Барномаи байнидавлатии ҳамкории инноватсионӣ барои давраи то соли 2030 тасдиқ гардид.

Инчунин Нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва таҷлили 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон соли 2025 дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба имзо расид.


Нақшаи гузаронидани ҳаракати ихтиёриён дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2024 тасдиқ гардид. Ҳуҷҷат аз нуҳ бахш иборат мебошад, ки зиёда аз сад чорабинии байналмилалиро дар бар мегирад.

Дар ҷаласа Низомнома дар бораи Чемпионати (Аввалин, Ҷом)-и ИДМ қабул гардид. Гузаронидани чунин мусобиқаҳо имконияти давлатҳо — иштирокдорони Иттиҳодро оид ба тайёр намудани захираи варзишӣ ва варзишгарони дараҷаи олӣ васеъ менамояд.

Илова бар ин, Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ блоки калони масъалаҳои молиявиро баррасӣ менамояд, ки ба маблағгузории рушди минбаъдаи низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоии давлатҳои Иттиҳод, иҷрои буҷети ягонаи мақомоти ИДМ, маблағгузории чорабиниҳои соли оянда оид ба татбиқи Барномаи байнидавлатии баланд бардоштани сифати зиндагии собиқадорони ҷанг- иштирокчиёни низоъҳои маҳаллӣ ва аъзои онҳо рабт доранд.

Ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил моҳи майи соли 2024 дар шаҳри Ашқобод баргузор мешавад.

Елена БАТЕНКОВА,
Азиза ИКРОМ,
АМТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 27, 2023 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд