Дар Суғд бо соҳибкорони Узбекистон оид ба ҳамкории минбаъда мулоқот баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 23.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо гурӯҳи соҳибкорон аз Ҷумҳурии Узбекистонро бо роҳбарии Гузал Тоҷимирзоева вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Раиси вилоят таъкид намуд, ки бо сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев тавсеаи робитаҳои бисёрҷонибаи ду давлати дӯст идома дорад.
Вилояти Суғди Тоҷикистон бо бисёр вилоятҳои Узбекистон ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дошта, дар доираи созишномаҳои давлатӣ соҳибкорони ду мамлакат тарҳҳои муштаракро амалӣ менамоянд.
Аз ҷумла, дар шаҳри Гулистон корхонаи арматурбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Маҳмуд ва компания» таъсис дода шуд. Корхона соли 2019 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар он асосан арматура, ки дар сохтмони бинову иншооти гуногун, махсусан биноҳои бисёрошёна масолеҳи асосӣ ба шумор меравад, истеҳсол мегардад.
Дар ин корхона тавассути технологияи нави чинӣ арматураи тамғаи (маркаи) 335, 400, 500 ва 600, ки қутрашон аз 8 то 32 миллиметрро ташкил медиҳад, истеҳсол мегардад.
Соҳибкорони узбек омодагии худро ба тақвияти ҳамкорӣ баён доштанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






