Дар Тоҷикистон 82 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амал менамояд
ДУШАНБЕ, 12.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Маҷмуи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии амалкунанда дар Тоҷикистон 82 ададро ташкил медиҳад, ки маблағи умумии онҳо 49,11 миллиард сомонӣ мебошад. Аз инҳо 50 лоиҳаи грантӣ, 4 лоиҳаи қарзӣ ва 28 лоиҳа дар ҳаммаблағгузорӣ аз қарз ва грант иборат мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии самроягузорӣ ва идораи амволи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар таркиби маҷмуи лоиҳаҳои амалкунанда маблағҳои грантӣ 33,0 миллиард сомонӣ ё 67,1 фоиз, маблағҳои қарзӣ 14,6 миллиард сомонӣ ё 29,7 фоиз, саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,3 миллиард сомонӣ ё 2,6 фоиз, инчунин дигар сарчашмаҳо ҳастанд.
Аз ҷумла, саҳми корхонаҳои давлатии ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоаҳо ва ғайра 62,2 миллион сомонӣ ё 0,1 фоизро ташкил медиҳад.
Дар доираи лоиҳаҳои давлатии сармоягузории амалкунанда аз оғози татбиқ 21,4 миллиард сомонӣ маблағҳо барои хариди мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ аз худ гардидаанд.
АКС аз манбаъҳои боз








ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






