Дар Тоҷикистон то охири соли 2023 68 номгӯй китобҳои дарсӣ ба нашр мерасанд
ДУШАНБЕ, 21.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. То охири соли 2023 68 номгӯй китобҳои дарсӣ бо теъдоди умумии 2 миллиону 917 ҳазор нусха чоп мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар нуҳ моҳи соли равон нашри 25 номгӯй китоби дарсӣ ба миқдори 2 миллиону 265 ҳазор нусха ба нақша гирифта шудааст.
Дар айни замон нашри 30 номгӯй китоби дарсӣ бо теъдоди умумии 1 миллиону 367 ҳазор нусха мавриди чоп қарор дошта, 11 номгӯй бо теъдоди 530 ҳазор нусха пурра ба чоп омода гардидааст. Инчунин 24 номгӯйи дигар, ки бояд бо теъдоди 880 ҳазор нусха нашр шавад, дар баррасӣ ва арзёбии муассисаҳои экспертӣ қарор дорад.
Илова бар ин 3 номгӯй китоби дарсӣ, ки теъдоди умумии нашри онҳо 140 ҳазор нусха мебошад, аз ҷониби Муассисаи нашриявии «Маориф» ба чоп омода мешавад.
Гуфта шуд, ки соли 2022 аз ҷониби Вазорати маориф ва илм 183 номгӯй китоби дарсӣ (144 номгӯй бо забони тоҷикӣ, 26 номгӯй ба забони русӣ, 10 номгӯй ба забони узбекӣ ва 3 номгӯй ба забони қирғизӣ) ба миқдори умумии 4 миллиону 94 ҳазору 582 нусха ва дар 9 моҳи соли равон 138 номгӯй китоби дарсӣ ба миқдори 3 млн 988 ҳазору 557 нусха ба раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва муассисаҳои дигари таълимӣ дастрас гардонида шудаанд.
Давоми солҳои 2023-2024 нашри 16 номгӯй китоби дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон ба забони русӣ, 16 номгӯй ба забони узбекӣ, 12 номгӯй ба забони қирғизӣ ва 4 номгӯй ба забони туркманӣ дар назар дошта шудааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд






