Дар Вазорати меҳнат масъалаи ташкили назорати низоми меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ баррасӣ шуд

Октябрь 23, 2023 14:58

ДУШАНБЕ, 23.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 20 октябр зимни вохӯрии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода ва  Ҳамоҳангсози навтаъйини Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ибраҳим  Этхем  Унал масъалаи ташкили назорати низоми меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ҳамзамон дар мулоқот масъалаҳои мубодилаи таҷриба дар самти сиёсати меҳнат ва шуғли аҳолӣ, низоми меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ, барқарорсозии касбии маъюбон, мониторинги рушди бозори меҳнат, шуғли аҳолӣ ва касбомӯзӣ барои бекорон муҳокима гардид.

Таъкид гардид, ки дар ҳамкорӣ бо ТИКА дар Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» синфхонаҳои компютерӣ ва синфхонаи таълимӣ «Қаннодӣ», «Тарабхонаи таълимӣ» ва «Кафшергари газию барқӣ» сохта, бо таҷҳизоти муосир таъмин шуданд.

Инчунин дар ин муддат китобхонаи Муассисаи давлатии «Маркази таълимӣ-методӣ ва мониторинги сифати таълим» ва Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» низ ба «Барномаи электронии низоми мониторинг» насб шуд.

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 23, 2023 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд