ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ин маърака дар Тоҷикистон ба андозаи 66 фоиз таъмин гардид
ДУШАНБЕ, 23.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Давоми 20 рӯзи ҷараёни даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ маъракаи даъват дар қаламрави ҷумҳурӣ 66 фоиз иҷро шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар доданд.
Дар ин замина шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод, Тоҷикобод, Вахш ва Фархор дар нахустин рӯзи даъват аввалин шуда дар ҷумҳурӣ аз иҷрои пурраи нақшаи пешбинишуда гузориш доданд.
Бо ҳамин тартиб, давоми 20 рӯзи моҳи октябри соли равон мақомоти вобастаи давлатии даъват дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ба даст оварда, иҷрои нақшаро ба 73,3 фоиз баробар намуданд.
Даъвати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар вилояти Хатлон низ муташаккилона ва дар сатҳи баланд идома дошта, масъулини вобастаи ин маъракаи муҳими сиёсӣ давоми ду даҳрӯза ба муваффақияти назаррас ноил гардиданд. Зимнан, аз 1 то 20 октябри соли равон шаҳру навоҳии вилояти Хатлон аллакай иҷрои нақшаи даъвату гусели ҷавонписарони Ватанро ба сафи Артиши миллии мамлакат 71 фоиз иҷро намуданд.
Новобаста аз он ки чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ду моҳ идома меёбанд, масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд низ аллакай давоми 20 рӯзи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ иҷрои нақшаро ба 54 фоиз баробар намудаанд.
Ҳамин тавр, дар муддати 20 рӯзи даъвати тирамоҳии соли равон иҷрои нақшаи пешбинигардида дар шаҳри Душанбе қариб 65 фоизро ташкил дода, масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват дар чаҳор навоҳии пойтахт азм доранд, ки ин чорабинии муҳими сиёсиро бо сифати баланд ва пеш аз муҳлат ба анҷом расонанд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва баҳри дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таввалуди 1996-2005-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» маъракаҳои даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ аз якуми октябри соли равон дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат муташаккилона оғоз ёфта, то охири моҳи ноябр идома меёбанд.
АКС аз бойгонӣ








Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






