Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва рушди хизмати дипломатӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд

Октябрь 15, 2023 09:50

ДУШАНБЕ, 15.10.2023 /АМИТ «Ховар» /. 13 октябр дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва рушди хизмати давлатӣ” конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Академияи идоракунии давлатӣ хабар доданд.

Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсия, Маркази омӯзиши “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”, факултети идоракунии давлатӣ ва Пажуҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Академия гузаронида шуда, дар он олимон, муҳаққиқони пажуҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, мақомот ва идораҳои давлатии иштирок ва маъруза намуданд.

Таъкид гардид, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ низоми хизмати давлатӣ ба таври куллӣ ташаккул ёфта, асосҳо ва заминаҳои ҳуқуқии соҳа мустаҳкам карда шуданд. Дар натиҷаи сиёсати саривақтӣ ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат мақомоти салоҳиятдори самти хизмати давлатӣ ташкил гардида, низоми таҳсилоти хизматчиёни давлатӣ танзим карда шуд. Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи зодаи даврони соҳибистиқлолӣ буда, яке аз дастовардҳои асосии соҳаи хизмати давлатӣ тайи солҳои Истиқлоли давлатӣ ба шумор меравад.

Дар рафти конференсия меҳмонони чорабинӣ дар мавзуъҳои “Рушди хизмати давлатӣ дар замони Истиқлол”, “Ташкил ва рушди хизмати давлатӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ”, “Саҳми Пешвои миллат ҷиҳати ба соҳаи хизмати давлатӣ ҷалб намудани бонувон”, “Нақши Пешвои миллат дар омодакунии мутахассисони соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ” ва “Саҳми Пешвои миллат дар таҳкими низоми хизмати давлатии муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ намуда, таъкид намуданд, ки пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ заминаҳои меъёриву ҳуқуқии хизмати давлатӣ ташаккул ёфта, аввалан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” қабул гардида, минбаъд бо тақозои замон ва ислоҳоти низоми ҳуқуқии мамлакат борҳо бо ин қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.

Иштирокдорон аз саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули низоми хизматӣ давлатӣ ёдоварӣ намуда, иброз доштанд, ки маҳз сиёсати муваффақона ва саривақтӣ боиси ба натиҷаҳои назаррас шарафёб гардидани аҳли соҳа шудааст. Дар давраи мазкур бо ташаббуси сарвари давлат Кодекси одоби хизматчии давлатӣ таҳия гардида, низоми қабул ба хизмати давлатӣ танзим шуд. Дар самти таъмини баробарии гендерӣ дар хизмати давлатӣ низ як қатор барномаву лоиҳаҳои амалӣ гардида, сафи хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занон боло бурда шуд. Айни ҳол шумораи занон дар вазифаҳои роҳбарикунандаи давлатӣ бист фисадро ташкил менамояд ва тибқи нақша ба 35 дарсад афзун намудани ин нишондиҳанда аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад.

Дар қисмати хотимавии бахши пленарии конференсия иштирокдорон доир ба масъалаҳои муҳими хизмати давлатӣ андешаронӣ намуда, пешниҳоду таклифҳои худро ҷиҳати рафъи мушкилоти соҳа баён доштанд.

Дар фарҷом қатъномаи дахлдор қабул карда шуд.

АКС: Академияи идоракунии давлатӣ

Октябрь 15, 2023 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Рӯзҳои тибби Қазоқистон доир мегарданд
Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳамкориро барои табодули таҷриба ва омодасозии кадрҳои давлатӣ тақвият медиҳанд
Тавассути намоишҳои ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озод беш аз 11 ҳазор шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин гардиданд
ОГОҲӢ. Аз нимаи дуюми имрӯз то пагоҳ дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 лоиҳаҳои грантии 200 зани соҳибкору ҳунарманд дастгирӣ ёфт
Портали маълумоти системаи идоракунии таҳсилоти касбӣ фаъол карда шуд
БЕМОРИИ ЗУКОМ. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои пешгирии вирусҳои гуногун чӣ тадбирҳо меандешад?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 беш аз 14 000 нафар соҳиби касб шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 70 ҳазор ҷойи кори доимӣ таъсис дода шуд
ИНТИХОБИ МАН — МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ. Дастоварду норасоиҳои соҳаи дорусозӣ кадомҳоянд?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Беш аз 7 миллион нафар аҳолии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин аст
Дар Тоҷикистон то 5 феврал ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад