Доир ба ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар Осорхонаи марказии вилояти Хатлон намоиши асарҳои рассомони тоҷик ифтитоҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 12.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Осорхонаи миллии Тоҷикистон 11 октябр ба ифтихори Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025 дар Осорхонаи вилоятии таърихӣ-кишваршиносии «Авесто», воқеъ дар шаҳри Бохтар таҳти унвони «Инъикоси пиряхҳо дар осори рассомони Тоҷикистон» намоиш ифтитоҳ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев иттилоъ дод.
Дар ифтитоҳи намоиш намояндагони Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон, роҳбарияту кормандони Осорхонаи вилоятии таърихӣ-кишваршиносии «Авесто», Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”, инчунин омӯзгорон ва донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии шаҳри Бохтар иштирок намуданд.
Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода изҳор намуд, ки пиряхҳо яке аз манбаъҳои асосии обӣ дар тамоми давлатҳо ба шумор рафта, барои бо об таъмин намудани аҳолӣ нақши муҳим доранд. Дар робита ба ин, пешниҳоди навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025 иқдоми саривақтӣ мебошад, ки аз ҷониби аксар давлатҳои ҷаҳон ҷонибдорӣ ёфтааст.
Зимнан дар намоиш 19 асар аз офаридаҳои мусаввирони тоҷик, ба монанди Хушвахтов Х. «Манзара», Хошмуҳаммадов М. «Дарёи Сурхоб», Серебрянский Б. И. «Манзара. Такоб», Довутов З. «Сарҳади Ватан», Абдураҳмонов И. «Баҳор», Шарипов С. «Ҳушёрӣ», Шарипов Қ. «Оби мусаффо», Файзов К. «Пиряхи Федченко» ва «Пиряхи Бивачний» ба маъраз гузошта шудаанд, ки тамошобинонро бо манзараҳои кӯҳсорон ва зебоиҳои нотакрори мамлакатамон шинос менамоянд.
Дар Тоҷикистон 13 ҳазор пирях мавҷуд аст, ки масоҳати умумии онҳо тақрибан 8,5 ҳаз. км2 буда, қариб 6 фоизи ҳудуди ҷумҳуриамонро ташкил медиҳанд ва дар баландиҳои аз 3500 то 7495 м ҷойгир мебошанд.
Намоиши «Инъикоси пиряхҳо дар осори рассомони Тоҷикистон» дар Осорхонаи вилоятии таърихӣ-кишваршиносии «Авесто» то 27 октябр идома меёбад.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад






