Доир ба ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар Осорхонаи марказии вилояти Хатлон намоиши асарҳои рассомони тоҷик ифтитоҳ ёфт

Октябрь 12, 2023 11:01

ДУШАНБЕ, 12.10.2023 /АМИТ  «Ховар»/. Осорхонаи миллии Тоҷикистон 11 октябр ба ифтихори Соли  байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025 дар Осорхонаи вилоятии таърихӣ-кишваршиносии «Авесто», воқеъ дар шаҳри Бохтар  таҳти унвони «Инъикоси пиряхҳо дар осори рассомони Тоҷикистон» намоиш ифтитоҳ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев иттилоъ дод.

Дар ифтитоҳи намоиш намояндагони Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон, роҳбарияту кормандони Осорхонаи вилоятии таърихӣ-кишваршиносии «Авесто», Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”, инчунин омӯзгорон ва донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии шаҳри Бохтар иштирок намуданд.

Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо  Иброҳимзода изҳор намуд, ки пиряхҳо яке аз манбаъҳои асосии обӣ дар тамоми давлатҳо ба шумор рафта, барои бо об таъмин намудани аҳолӣ нақши муҳим доранд. Дар робита ба ин, пешниҳоди навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025 иқдоми саривақтӣ мебошад, ки аз ҷониби аксар давлатҳои ҷаҳон ҷонибдорӣ ёфтааст.

Зимнан дар намоиш 19 асар аз офаридаҳои мусаввирони тоҷик,  ба монанди Хушвахтов Х. «Манзара», Хошмуҳаммадов М. «Дарёи Сурхоб», Серебрянский Б. И. «Манзара. Такоб», Довутов З. «Сарҳади Ватан», Абдураҳмонов И. «Баҳор», Шарипов С. «Ҳушёрӣ», Шарипов Қ. «Оби мусаффо», Файзов К. «Пиряхи Федченко» ва «Пиряхи Бивачний» ба маъраз гузошта шудаанд, ки тамошобинонро бо манзараҳои кӯҳсорон ва зебоиҳои нотакрори мамлакатамон шинос менамоянд.

Дар Тоҷикистон 13 ҳазор пирях мавҷуд аст, ки масоҳати умумии онҳо тақрибан 8,5 ҳаз. км2 буда, қариб 6 фоизи ҳудуди ҷумҳуриамонро  ташкил медиҳанд ва дар баландиҳои аз 3500 то 7495 м ҷойгир мебошанд.

Намоиши «Инъикоси пиряхҳо дар осори рассомони Тоҷикистон» дар Осорхонаи вилоятии таърихӣ-кишваршиносии «Авесто» то 27 октябр идома меёбад.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Октябрь 12, 2023 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд