Доир ба татбиқи Барномаи паст намудани сатҳи шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) аз ҷониби вазорату идораҳои масъул корҳои назаррас ба иҷро расидаанд

Октябрь 26, 2023 14:00

ДУШАНБЕ, 26.10.2023 /АМИТ «Ховар»/.  25 октябр бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Кумитаи ҷумҳуриявии ҳамоҳангсозии мусоидат ба шуғли аҳолӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин вазорат хабар медиҳад.

Дар кори ҷаласа раванди татбиқи Барномаи паст намудани сатҳи шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2019 тасдиқ шудааст, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бояд гуфт, ки ин барнома барои амалисозии сиёсати босамари давлатӣ дар самти ба шуғли расмӣ ҷалб намудани аҳолии қобили меҳнат, таъмин намудани кафолатҳои давлатии иҷтимоии кормандон, баҳисобгирии дақиқи қувваи корӣ, ғанӣ гардонидани буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоӣ ва зиндагии аҳолии Тоҷикистон аҳамияти хеле муҳим дорад.

Дар маҷмуъ, барнома аз панҷ ҳадафи асосӣ- таҳкими заминаи меъёрии ҳуқуқии танзими муносибатҳои меҳнатӣ, тарҳрезӣ ва амалӣ намудани тадбирҳо ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи тахассусии қувваи корӣ, амалӣ намудани тадбирҳо оид ба ташвиқ ва тарғиб намудани афзалияти шуғли расмӣ нисбат ба шуғли ғайрирасмӣ, пешгирии ҳолатҳои машғул шудани кормандон ва корфармоён ба шуғли ғайрирасмӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, таҳким бахшидан ба фаъолияти байниидоравӣ дар самти паст намудани сатҳи шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар соҳаҳои иқтисодиёт ва мунтазам арзёбӣ намудани вазъи бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ, таҳқиқи қувваи корӣ, тарҳрезӣ ва амалӣ намудани механизмҳои таъсирбахш барои пасткунии сатҳи шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар соҳаҳои иқтисодиёт иборат мебошад.

Таҳлили ҷараёни иҷрои барнома дар давраи татбиқи он нишон медиҳад, ки вобаста ба ҳадафҳои барнома корҳои назаррас аз ҷониби вазорату идораҳои масъул ба иҷро расидаанд.

Дар давраи амалисозии барнома ҷиҳати танзим намудани муносибатҳои меҳнатӣ ва таъмини кафолатҳои давлатии иҷтимоии кормандон дар заминаи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардида, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба тасвиб расиданд.

Дар ҷаласа таъкид шуд,  ки дар давраи татбиқи барнома дар миқёси ҷумҳурӣ инчунин 1787 корхонаву коргоҳи нави истеҳсолӣ бо 18,2 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд, ки барои бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолии мамлакат нақши муҳим доранд ва дар ин ҷода Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда дорад. Дар баробари ин, давоми солҳои 2019-2023 аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳо дар миқёси ҷумҳурӣ 833,1 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуд, ки аз ин шумора 327,0 ҳазор (39,2 фоиз) ҷойи кори доимӣ мебошанд.

Дар ҳамин давра дар бахши воқеии иқтисодиёт 462,7 ҳазор (55,5 фоиз) ва дар бахши хизматрасонӣ 349,1 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст.

Дар натиҷаи таъсис додани корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ ва таъсис додани ҷойҳои нави корӣ дар соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат давоми солҳои 2019-2023 шумораи аҳолии машғули кор дар ҷумҳурӣ аз 2463,4 ҳазор нафар то ба 2608,4 ҳазор нафар ё 5,9 фоиз афзоиш ёфтааст, ки ба ҳисоби миёна дар як сол қариб то 2 фоизро ташкил дода, ба суръати миёнаи солонаи рушди аҳолии мамлакат  (2,0 -2,2 фоиз) наздик мебошад.

Сатҳи бекории расмӣ дар ҷумҳурӣ то ба 1,9 фоиз кам шуд. Нишондиҳандаҳои ба даст оварда аз ноилшавӣ ба ҳадафҳои барнома шаҳодат медиҳанд.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки бо тақвияти ҳамоҳангии фаъолияти комиссияи сетарафа ва бо истифода аз ҳама имконияти мавҷуда, татбиқи Барнома оид ба паст намудани сатҳи шуғли бақайдгирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023-ро сари вақт ва босифат таъмин намояд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 26, 2023 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Фаромӯшхотирӣ дар калонсолон ба тағйироти синнусолӣ вобаста аст
1 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИММУНИТЕТ. Он системаи муҳофизатии организм маҳсуб мешавад
Дар саросари Тоҷикистон иқдоми ҷумҳуриявии «Гулгардонӣ» оғоз гардид
«ЗАН-МАЗҲАРИ ПОКИЗАГӢ». Аз 1 март то 31 май иқдоми ҷумҳуриявии ободкорию тозакорӣ баргузор мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУДОФИАИ ШАҲРВАНДӢ. Дар Тоҷикистон бо ҷалби беш аз 78 ҳазор аҳолӣ 369 маротиба машқ гузаронида шуд
Дар Душанбе оид ба ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат вохӯрӣ доир шуд
«СКАЛА – 2026». Дар Тоҷикистон тамрини махсуси байналмилалии наҷотдиҳӣ доир мегардад
Дар Тоҷикистон ҳавои рӯзи аввали моҳи март бебориш пешгӯӣ мешавад
ДИЛ БА ДАСТ ОВАР, КИ ҲАҶҶИ АКБАР АСТ! Анҷом додани амалҳои дорои садақаи ҷория савоби бамаротиб бештар дорад
«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Касбомӯзӣ метавонад яке аз роҳҳои муассири пешгирии гаравиши наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро бошад
Табибони тоҷик боз як усули нави ҷарроҳиро амалӣ намуданд