Дурнамои ҳамкорӣ байни минтақаҳои Тоҷикистон ва кишвари Красноярск баррасӣ гардид

Октябрь 20, 2023 17:20

ДУШАНБЕ, 20.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 19 октябр консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Русия Наҷмиддин Имомзода дар шаҳри Красноярск бо губернатори кишвари Красноярск Михаил Котюков мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ байни минтақаҳои Тоҷикистон ва кишвари Красноярск мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зарурати густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, ҷалби сармоя, инчунин тавсеаи робитаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн таъкид шуд.

Ба манзури густариши равобити тиҷорӣ ва иқтисодӣ консули генералӣ пешниҳод намуд, то миёни доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва кишвари Красноярск вохӯриҳо танзим шуда, барои иштирок дар намоишгоҳҳо ва анҷуманҳои мухталифи байналмилалӣ мусоидат  шавад.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 20, 2023 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд