ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар финали мусобиқаи «Ҷоми Мердека-2023» дар Малайзия бозӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 11.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 10 октябр дар доираи омодагӣ ба мусобиқаи «Ҷоми Mердека-2023» дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии Петр Сегрт дар Малайзия нахустин тамринҳои худро анҷом дод. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Аз 23 бозингаре, ки барои иштирок дар ин мусобиқот даъват шудаанд, 18 нафарашон ҳоло дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳастанд.
Имрӯз, 11 октябр дастаи мунтахаби Тоҷикистон пурра ҷамъ мешавад. Кумитаи тадорукоти мусобиқаи «Ҷоми Мердека-2023» ба қолаби мусобиқа тағйирот ворид намуд. Қарор буд, ки дар даври нимниҳоии мусобиқот дастаи мунтахаби Фаластин 13 октябр бо дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозӣ намояд, вале дастаи мунтахаби Фаластин дар ин мусобиқот иштирок наменамояд.
Ба ин тартиб, дастаи мунтахаби Тоҷикистон пеш аз муҳлат ба финали «Ҷоми Мердека-2023» роҳ ёфта, 17 октябр дар Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалили Куала-Лумпур бо ғолиби даври нимниҳоӣ байни дастаҳои мунтахаби Малайзия – Ҳиндустон рақобат менамояд.
Мусобиқаи байналмиллалии «Ҷоми Мердека-2023»
Даври ½-ниҳоӣ
13 октябр (ҷумъа)
18:00 –Малайзия –Ҳиндустон
Финал
17 октябр (сешанбе)
18:00 – Ғолиби ҷуфти Малайзия/ Ҳиндустон –ТОҶИКИСТОН
Эзоҳ: оғози бозӣ ба вақти Душанбе аст.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад






