Грантҳои Раиси вилояти Суғд ба 60 нафар занони ҳунарманд супорида шуданд
ДУШАНБЕ, 11.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 11 октябр Раиси вилояти Суғд ба 60 нафар занону духтарони ҳунарманд барои тавсеаи фаъолияташон грантҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро супорид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Таъкид шуд, ки бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалати зан-модар дар ҷомеа баланд бардошта шуда, имрӯз занону духтарон дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ фаъолияти назаррас доранд. Дар замони соҳибистиқлолӣ ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ва соҳибкории хурду миёна таваҷҷуҳи хосса равона гардида, занон эҷодкор, ташаббускору созанда пайваста дастгирӣ меёбанд. Ҷудо гардидани грантҳои президентӣ имкон фароҳам овард, ки занону духтарон дар амалӣ шудани нақшаву иқдоми созанда ба дастовардҳои бештар ноил гарданд.
Соли равон 18 нафар занону духтарони вилояти Суғд бо пешниҳод намудани лоиҳаҳои худ сазовори грантҳои президентӣ гардиданд. Дар пайравӣ ба сиёсати созандаву оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд Гранти Раиси вилоят таъсис дода шуда, давоми солҳои 2010-2022 қариб 4 миллион сомонӣ грант ба занону духтарони ҳунарманд супорида шуда, ин иқдом ба рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби занону духтарон ба омӯзиши ҳунар ва рушди соҳаҳои мухталиф замина фароҳам овард.
Бо ташаббуси Сарвари давлат солҳои 2022-2026 Солҳои рушди саноат эълон гардидаанд, ки дар татбиқи он саҳми занони соҳибкору ҳунарманд назаррас аст. Занону духтарони ҳунарманд бо ташкили марказҳои ҳунаромӯзӣ, рушди занбӯри асалпарварӣ, коргоҳу корхонаҳои дӯзандагӣ, пойафзолдӯзӣ ва фаъолият дар дигар самту соҳаҳои муҳим дар амалӣ шудани ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат саҳми арзанда мегузоранд.
Имрӯз дар вилоят 288 маркази ҳунармандӣ фаъолият доранд, ки аз ин шумора 108 адад маркази таълимӣ-истеҳсолӣ мебошад. Дар марказҳои таълимӣ-истеҳсолии атласу адрасбофӣ 30 ҳазору 690 нафар занону духтарони хонанишин ба ҳунармандӣ ҷалб гардидаанд. Дар вилояти Суғд 40 сехи дӯзандагӣ амал намуда, дар шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Истиқлол ва Деваштич коргоҳҳои қолинбофӣ аз нахи абрешим ва дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Гулистон, Бӯстону Хуҷанд ва Истаравшан коргоҳу корхонаҳои пойафзолдӯзӣ фаъолият доранд.
Дар ҳамоиш ба 60 нафар заноне, ки лоиҳаҳои пешниҳоднамудаашон ғолиб дониста шудааст, грантҳои Раиси вилоят супорида шуданд. Аз ҷумла, 15 грант дар ҳаҷми 10000 (даҳ ҳазор) сомонӣ, 15 грант дар ҳаҷми 8000 (ҳашт ҳазор) сомонӣ ва 30 грант дар ҳаҷми 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ ба ғолибон тақдим гардид.
Барои дарёфти гранти Раиси вилояти Суғд соли равон аз 18 шаҳру ноҳия 125 лоиҳа пешниҳод гардида, дар натиҷа 60 нафар ғолиб дониста шуд.
Занони ҳунарманд- онҳое, ки имрӯз соҳиби гранти Раиси вилояти Суғд гардиданд, нақша доранд самти фаъолияти худро васеъ намуда, дар баробари ташкили ҷойҳои нави корӣ занону духтарони бешуғлро ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ҷалб намоянд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






