ХАЙРУ ЭҲСОН-АЗ ТОҶИКИСТОН. Шаҳрвандони Тоҷикистон аз амали неки навбатии Пешвои миллат ифтихори беандоза менамоянд
ДУШАНБЕ, 18.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба мардуми аз заминларза зарардидаи ҳамсоядавлатамон- Афғонистон кумаки башардӯстона фиристода шуд. Кумаки башардӯстона аз либосу пойафзоли зимистона, маводи хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, хайма, ҷилди хобу рӯйпӯшҳои зимистона, оби нӯшокӣ ва дигар ашёи барои зиндагӣ зарурӣ иборат буда, қариб 3 ҳазору 300 тоннаро ташкил дод.
Дар робита ба ин амали хайри Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба АМИТ «Ховар» нигоштае расидааст, ки манзури хонандагони сомона мегардонем.
— Аз сомонаи расмии Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» боз аз як амали бағоят хайрхоҳонаи Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки далели дили бузург доштани он кас буда, гувоҳи ҳимматбаландию некандешиашон низ ҳаст, хабар ёфтам.
Маълум гардид, ки бо дастури Роҳбари давлатамон, ки дар саросари ҷаҳон чун ходими барҷастаи давлатӣ соҳибэҳтиром мебошанд ва ба тақдири инсоният бетараф нестанд, ба Афғонистони ҳамсоя, ба мардуми аз заминларзаи сахт офатдида тавассути 130 мошини калони боркаш қариб 3 ҳазору 300 тонна кумаки башардӯстона фиристода шуд.
Ин ба гуфтан осон аст ва ҳар инсони соҳибақлу бедордилро ин хушхабар муассир накарда наметавонад. Инро ҳам бинед, ки бо назардошти вазъияти баамаломада ва фарорасии фасли зимистон кумаки башардӯстона аз маводи ҳаётан муҳиму зарурӣ иборат мебошад. Бо шарофати ин кумак чӣ қадар оилаҳо аз мушкилот, метавон гуфт мушкилоти марговар, гушнагию харобӣ наҷот меёбанд. Бешак, ҳазорҳо ҳазор сокинони пойбанди мушкилоти гаронбудаи Афғонистон Ҷаноби Олиро дуои нек менамоянд ва эътиқоду эътимодашон ба Тоҷикистон боз ҳам меафзояд.
Чунин кумак ҳеҷ гоҳ аз ёдҳо фаромӯш намешавад ва дар лавҳи хотири чандин насли миннатпазир боқӣ мемонад.
Мо хуб огоҳем, ки Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ибтидои фаъолияти доманадорашон ба масъалаи барқарор сохтани сулҳу ваҳдат дар Афғонистони даргир таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд ва ин масъаларо аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ борҳо бардоштаанд. Фиристодани кумаки башардӯстона ба минтақаҳои офатдидаи давлати ҳамсоя аз сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлатамон сарчашма гирифта, идомаи амалҳои неки ин чеҳраи сиёсӣ мебошад.
Мо, шаҳрвандони Тоҷикистон аз амали неки навбатии Пешвои миллатамон, марди дилсӯзу дардошно- муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихори беандоза менамоем.
Садоқат САНГИНОВА,
собиқадори меҳнат,
сокини шаҳри Душанбе
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон Рӯзҳои тибби Қазоқистон доир мегарданд
Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳамкориро барои табодули таҷриба ва омодасозии кадрҳои давлатӣ тақвият медиҳанд
Тавассути намоишҳои ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озод беш аз 11 ҳазор шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин гардиданд
ОГОҲӢ. Аз нимаи дуюми имрӯз то пагоҳ дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 лоиҳаҳои грантии 200 зани соҳибкору ҳунарманд дастгирӣ ёфт
Портали маълумоти системаи идоракунии таҳсилоти касбӣ фаъол карда шуд
БЕМОРИИ ЗУКОМ. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои пешгирии вирусҳои гуногун чӣ тадбирҳо меандешад?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 беш аз 14 000 нафар соҳиби касб шуданд
ИНТИХОБИ МАН — МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ. Дастоварду норасоиҳои соҳаи дорусозӣ кадомҳоянд?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Беш аз 7 миллион нафар аҳолии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин аст
Дар Тоҷикистон то 5 феврал ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






