Хобгоҳи мактаб-интернати шаҳри Роғун ба номи Саида Давлатзода ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 18.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 17 октябр хобгоҳи мактаб -интернати шаҳри Роғун ба номи Саида Давлатзода ба истифода дода шуд. Хобгоҳи мазкур ба маблағи зиёда аз 15 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Шерзод Давлатзода барои 112 нафар тарбиятгиранда сохта шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Хобгоҳ аз 2 ошёна иборат буда, дорои 14 ҳуҷраи хоб, 2 синфхонаи дарстайёркунӣ, 1 китобхона бо толори китобхонӣ, 1 ошхона барои 60 нафар, толори варзишӣ, 4 анбор, маҷлисгоҳ бо 140 ҷои нишаст, майдончаи варзишӣ бо тамоми таҷҳизотҳояш ва дегхонаи буғӣ мебошад.
Дар маросими баистифодадиҳии хобгоҳи мазкур гуфта шуд, ки имрӯзҳо бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат сохтмону навсозии муассисаҳои таълимӣ бомаром идома дорад, ки далели рушди соҳаи маориф ва илми ҷумҳурӣ аст. Муҳассилинро мебояд, ки дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, дар оянда мутахассиони варзида шаванд, то тавонанд дар рушди Тоҷикистон саҳми арзанда гузоранд.
Вазири маориф ва илм бо шарту шароити зисти таълимгирандагон дар хобгоҳ шинос гардида, ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дод ва ба тарбиятгирандагон дар таълиму тарбия муваффақият орзу намуд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон









Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд






