ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 20.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Иқтисоди рақамӣ ва нақши он дар иқтисодиёти миллӣ» конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, олимони муассисаҳои илмию таълимӣ, мутахассисону коршиносони соҳавӣ иштирок намуданд.
Дар конфронс иброз гардид, ки айни замон Тоҷикистонро марҳилаҳои рушди иқтисодиёти рақамӣ фаро гирифтаанд, ки таҳти назорат ва идора қарор додани онҳо барои рушди давлату миллат, корхонаву ташкилот ва оилаҳо низ муҳим мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди иқтисодиёти рақамиро бо татбиқи технологияҳои ахборӣ идора намуда, аз ҷумла роҳҳои таъмини бехатарии онро низ коркард намудааст.
Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Хайриддин Усмонзода иброз дошт, ки барои он ки иқтисоди рақамӣ ба манфиати умум хизмат намояд, он бояд ҳамаҷониба дар ҳамаи самтҳо истифода шавад.
«Технологияҳои нав, махсусан зеҳни сунъӣ ногузир бо тағйироти назаррас дар бозори меҳнат, аз ҷумла ихтисори ҷойҳои корӣ дар баъзе соҳаҳо ва фароҳам овардани имконияти нав дар миқёси давлат робитаи ногусастанӣ доранд»,-баён дошт ӯ.
Иттилоъ дода шуд, ки «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» амал менамояд, ки мақсади таҳияи он — ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотонии рақамӣ дар соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ мебошад. Барнома барои гузариш ба хизматрасонии давлатии рақамӣ, рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ, афзоиши даромади буҷет, беҳтар намудани сифати зиндагии аҳолӣ, таъмини шаффофият, содагардонии расмиёт ва ҷалби технологияҳои муосир мусоидат менамояд.
«Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» бо назардошти омӯзиши таҷрибаи давлатҳои хориҷи дуру наздик, инчунин дар заминаи он вазъи гузариши соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат ба иқтисоди рақамӣ, сатҳи технологияи рақамӣ дар соҳаҳо, дастовардҳо ва мушкилот ҷиҳати дастрасӣ ба сатҳи зарурии технологияи иттилооти коммуникатсионии рақамӣ ва инфрасохтори он таҳия гардидааст.
Таъкид гардид, ки вобаста ба таҷрибаи давлатҳои мутараққӣ ва бо такя бар арзишҳои ахлоқию маънавии хеш имрӯз ҷомеаи моро зарур аст, ки сари масъалаи истифодаи дурусту оқилонаи интернет ва рушди иқтисоди рақамӣ андеша намояд. Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқи иқтисоди ҷаҳонӣ ба ин равандҳои ташаккули бахшҳои иқтисодиёти иттилоотӣ, аз ҷумла иқтисоди рақамӣ шомил аст.
Дар кори конфронс аз ҷониби иштирокчиёни вобаста ба мавзуъҳои гуногун, аз қабили раванди рақамикунонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон: вазъият, мушкилот ва дурнамои рушд; нақши иқтисоди рақамӣ дар татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат дар мисоли модели индустриалӣ-инноватсионӣ; вазъи рақамикунонии раванди фаъолияти соҳибкорӣ ва роҳҳои такмили он ва ғайра маъруза пешниҳод гардид.
Ёдовар мешавем, ки иқтисодиёти рақамӣ- ин фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҷомеаи иттилоотӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ, баланд бардоштани рақобатпазирӣ, афзоиши Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ /ММД/ ва беҳтар намудани сифати зиндагии аҳолӣ дар заминаи истифодаи технологияҳои рақамӣ дониста мешавад.
Он иқтисоде аст, ки дар асоси технологияи рақамӣ, хусусан мубодилаи электронӣ бо истифодаи интернет амал менамояд. Ин аст, ки рушди технологияи иттилоотиро яке аз омилҳои муҳимтарини фаъолияти самараноки иқтисоди миллӣ медонанд ва дар шароити кунунӣ инкишофи бомароми ин соҳа хеле муҳим арзёбӣ мешавад.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ФЕСТИВАЛИ АНОРПАРВАРОН. Чӣ бояд кард, то дар бозорҳо анори тоҷикӣ фаровон гардад?
Фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Бохтар ва Кӯлоб навсозӣ мешаванд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Покистон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат густариш меёбад
Данғара – Гулистон — аввалин роҳи мошингарди Тоҷикистон, ки бо тарҳи «роҳҳои сабз» навсозӣ мешавад
Беш аз 22 фоиз сармоягузории ба рушди Шабакаи нақлиётии АвруОсиё равонашуда ба кишварҳои Осиёи Марказӣ рост меояд
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ доир мегардад
Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш меёбад
Татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар самти энергияи барқароршаванда байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон баррасӣ шуд
ИСЛОҲОТ ДАР НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ. Тоҷикистон фазои маъмуриро барои соҳибкорону сармоягузорон мусоидтар намуд
Дар Тоҷикистон кадом бахши кишоварзӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ пурра озод мебошад?
Лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
Роҳи мошингарди «Айнӣ – Кӯҳистони Мастчоҳ» навсозӣ мешавад






