«ИЛМ–ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Буҷаи озмун аз 2 миллиону 345 ҳазор сомонӣ ба 4 миллиону 85 ҳазор сомонӣ зиёд шудааст

Октябрь 28, 2023 10:00

ДУШАНБЕ, 28.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» ҷамъбаст гардид, ки дар он беш аз 500 нафар, аз ҷумла 153 духтар дар 7 номинатсия: математика, физика ва астрономия, химия, биология, география, технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ иштирок  намуданд. Имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор шуда, ба ғолибони озмун ҷоизаҳо супорида мешаванд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» дар мавриди ҷалби ҷавонону наврасон ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, мақом ва эътибори ин озмун бо директори Институти физикаю техникаи ба номи С.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Шокир суҳбат намуд.

АМИТ «Ховар»: Мегуфтед, ки оё наврасону ҷавонон барои иштирок дар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат»  майлу рағбат доранд ва сатҳи омӯзиши фанҳои дақиқ дар маҷмуъ дар мамлакат имрӯз дар кадом сатҳ қарор дорад? 

Фарҳод Шокир:  Иштирок дар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм –фурӯғи маърифат» дар ҷомеа аллакай мақом ва обрӯю эътибори хосса пайдо намудааст. Дар баробари имтиёзҳое, ки махсусан ба ғолибони давраҳои сеюм ва чорум дода мешаванд, ҳар иштирокчӣ дар раванди озмун соҳиби малака ва таҷрибаи хуб мегардад, ки барои рушди ояндаи ӯ ҳам дар сатҳи мамлакат ва ҳам байналмилалӣ таҷрибаи бебаҳо мебошад. Зеро масъалаҳо, қонунияту формулаҳо дар илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзи дар тамоми кураи Замин яксон мебошанд.

Нисбат ба имтиёзҳо, ёдовар мешавем, ки тибқи бандҳои 46-47-и Низомномаи озмун иштирокчиёни даври чоруми озмун (хонандагони синфи 11) имсол ба ихтисосҳои фанҳои дақиқу табиатшиносӣ ва техникӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат бе озмун, ба тариқи ройгон қабул мешаванд. Ғолибони даври чорум (ҷойҳои 1, 2, 3) ва барандаи Шоҳҷоиза баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ба ихтисоси интихобкардаи худ бе озмун ва ба тариқи ройгон ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва баъд аз муассисаи таҳсилоти олии касбии мамлакат қабул мешаванд.

Бояд гуфт, ки масъалаи ҷалби муҳассилин ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар тамоми ҷаҳон ба таври анъанавӣ масъалаи ҳалталаб ҳисобида мешавад. Зеро ин самт муносибати хосса, интизоми баланд ва неруи зеҳнии мантиқан қавӣ талаб менамояд. Вале аз ҷониби Сарвари давлат ташаббус ва таваҷҷуҳ намудан ба ин масъала дар таҷрибаи ҷаҳонӣ аввалин маротиба аст, ки мояи  ифтихори халқи мо, қабл аз ҳама, намояндагони соҳаи илму маориф мебошад. Аз ҷумла, бо ташаббуси Президени мамлакат  «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон шудани солҳои 2020-2040 гувоҳи он аст, ки  динамикаи рушди ҷаҳони имрӯза, махсусан аз ҷиҳати технологӣ, саноатӣ ва иқтисодӣ бо мавҷуд будани кадрҳои баландихтисоси илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ муайян мешавад.

АМИТ «Ховар»: Озмуни имсола аз солҳои гузашта ягон хусусияти фарқкунанда  дошт?

Фарҳод Шокир:  Имсол соли сеюми озмун аст ва ҳамасола раванди баргузории он мунтазам мукаммал мегардад, то ки ба намояндагони ҳамаи қишрҳои аҳолии маърифатпарвари мамлакат имконияти он дастрас бошад. Хусусияти фарқкунандаи озмуни имсола, аз ҷумла, афзоиши теъдоди ҷойҳои ғолибон ва имтиёзҳо мебошад, масалан:

– ба гурӯҳи ғолибон дохил намудани хонандагони мактабҳои типи нав: литсейҳо, гимназияҳо ва мактабҳои хусусӣ;

– зиёд намудани ҷойҳои ғолибон аз 5 то ба 6 (ҷойи 1 – як адад, ҷойи 2 – ду адад, ҷойи 3 – се адад);

– аз ин лиҳоз шумораи ҷоизаҳо низ барои омӯзгороне, ки шогирдонашон дар даври 4 ғолиб меоянд (яъне соҳиби ҷойҳои 1, 2 ё 3 мешаванд) ба таври иловагӣ ба теъдоди 49 нафар зиёд шудааст.

Инчунин ба Низомномаи озмуни соли 2023 якчанд тағйироти дорои хусусияти ташкилӣ низ ворид шудаанд. Мутаносибан буҷаи озмун низ аз 2 миллиону 345 ҳазор сомонӣ ба 4 миллиону 85 ҳазор сомонӣ зиёд шудааст.

АМИТ «Ховар»: Дар озмуни имсола чанд нафар иштирокчӣ маҳорати худро нишон дод?

Фарҳод Шокир:  Тибқи маълумот, дар марҳилаи аввал беш аз 168 ҳазор довталаб аз ҳисоби хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯён (бакалавриат ва магистратура) ва намояндагони соҳаю  ихтисосҳои гуногун иштирок намуданд. Маълумоти муфассал нисбат ба иштиркочиёни даври 3-юм ва 4-ум дар ҷадвали зерин оварда шудааст:

Ҷадвали 3 – иштирокчиёни даври 3 (вилоятӣ, ШНТҶ ва ш.Душанбе).

Вилоят ва шаҳру ноҳияҳо

 

Рӯз,моҳ, сол Шумораи иштирокчиён, аз ҷумла духтарон
1. Шаҳри Душанбе 25-30

сентябр

487/133
2. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 25-30

сентябр

286/72
3. Вилояти Хатлон 25-30 сентябр 1337/482
4. Вилояти Суғд 25-30 сентябр 1222/748
5. Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 25-30 сентябр 546/109
Ҳамагӣ 3878/1544

 

Ҷадвали 2 – ғолибони даври 3 (вилоятӣ, ШНТҶ ва ш.Душанбе), ки барои иштирок дар даври 4-ум роҳхат гирифтаанд.

Вилоят ва шаҳру ноҳияҳо Шумораи роҳхатгирифтагон, аз ҷумла духтарон
1. Шаҳри Душанбе 132/21
2. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 79/31
3. Вилояти Хатлон 128/19
4. Вилояти Суғд 120/42
5. Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 120/40
Ҳамагӣ 579/153

 

АМИТ «Ховар»: Сатҳи омодагии иштирокчиёни имсола  чӣ гуна буд?

Фарҳод Шокир:  Тавре гуфтем, дар ҷаҳони муосир ба мутахассисони илмҳои дақиқ ва техникӣ талабот зиёд гашта, ҳамасола онҳо бештару беҳтар қадрдонӣ мешаванд. Ин воқеияти асри XXI – асри технологияҳои баланд аст ва ҳар шаҳрванди Тоҷикистон  ин тамоюлро мунтазам ва равшантар эҳсос менамояд. Аз ин рӯ, бахусус падару модарон ба хотири таъмини ояндаи неки фарзандонашон ба сифати таълиму тарбияи насли наврас, аз ҷумла фанҳои техникӣ ва дақиқ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд.  Яъне, сатҳи омӯзиш бо суръати муътадил, вале устувор боло меравад.

Дониш ва ихтисосҳои рақобатпазир дар сатҳи байналмилалӣ, кори сазовор пас аз хатми донишгоҳ, худшиносии муассир дар асри динамикии XXI- ин ҳама бори дигар ғамхорӣ ва муносибати бунёдии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Сарвари давлатро нисбат ба кормандони илму маориф, махсусан ҷавонони соҳибилм ва дар умум тамоми миллати илмофари тоҷик собит менамояд.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо баргузор мегардад.

Лайло ТОИРӢ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 28, 2023 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе дар мавзуи аҳамияти синошиносӣ ва муаррифии осори Абӯалӣ ибни Сино ҳамоиш баргузор шуд
1045-СОЛАГИИ ФАРЗАНДИ НОМВАРИ ТОҶИК, ДОНИШМАНД, ФАЙЛАСУФ ВА ТАБИБИ МАШҲУРИ ОЛАМ АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО. Ба ин муносибат дар Тоҷикистон симпозиуми байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Душанбе намоиш-фурӯши китоб баргузор мегардад
Моҳи март дар Душанбе Фестивали «Сад ранги чакан» ва намоиш-фурӯши маҳсулоти нақшдӯзиву зардӯзии чаканӣ баргузор мешаванд
Ҳунармандони Театри давлатии академии калони Узбекистон ба номи Алишер Навоӣ ба Тоҷикистон меоянд
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Исфара даври шаҳрии фестивали ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Дар муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 20 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни тоҷики Донишкадаи умумирусиягии кинематографияи шаҳри Москва бо хобгоҳ ва стипендия таъмин карда мешаванд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо 19 муассисаи таҳсилоти олии хориҷӣ ҳамкорӣ дорад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишҷӯёни Консерваторияи миллӣ дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» соҳиби Шоҳҷоиза ва ҷойҳои намоён гардиданд
Агентиҳои иттилоотии Тоҷикистон ва Чин ба марҳалаи нави ҳамкорӣ ворид мешаванд
Таҳкими ҳамкорӣ дар самти дастгирии иттилоотӣ ва тарғиби сиёсати дӯстонаи Тоҷикистон ва Чин баррасӣ шуд