«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Ин озмуни ҷумҳуриявӣ дар раванди рушди тафаккури техникӣ мақоми хос пайдо намудааст

Октябрь 26, 2023 14:37

ДУШАНБЕ, 26.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, 23 октябр даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардида, дар муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гузаронида  мешавад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умаров хабар доданд, 25 октябр  дар номинатсияи «Физика ва астрономия», ки дар толори муосири воситаҳои техникии таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир шуд, 80 нафар муҳассилину донишҷӯён иштирок намуда, онро бо ҳалли масъалаҳо ва озмоишҳои шифоҳӣ гузарониданд.

Раванди баргузории озмун ҳамасола мукаммалтар, фарогирии он дақиқтару дастрастар ба тамоми қишрҳои аҳолии ҷумҳурӣ гашта, ба тарғибу ташвиқи илмомӯзию ихтироъкорӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаҳои табиатшиносию техникӣ равона гаштааст.

Соли сеюм аст, ки физикдонҳои ҷавони институт баҳри мусоидат намудан ба ташкили мукаммалу баргузории саҳеҳи даврҳои он бо ташаббус ва дар асоси ҳиссиёти ватандӯстонаи хеш ҳамчун аъзои котиботи техникии ин озмун фаъолияти ҷамъиятӣ мебаранд.

Бояд гуфт, ки иштирокчиёни даври ниҳоии озмун тибқи банди 47-уми Низомномаи Озмун (хонандагони синфи 11) соли равон ба ихтисосҳои фанҳои дақиқу табиатшиносӣ ва техникии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии ҷумҳурӣ бе озмун ва ба тариқи ройгон қабул мешаванд.

Ҳамзамон бояд гуфт, ки ҳар яке аз дастовардҳои физикдонҳои ҷавон бевосита дар асоси заҳматҳои омӯзгорону устодон ва тарбияи маърифатпарваронаи волидайни онҳо ба вуҷуд меояд. Мояи ифтихор аст, ки қадрдонии омӯзгорону волидайни иштирокчиёни фаъол дар Низомномаи Озмун, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 феврали соли 2023 тасдиқ шудааст, бевосита инъикос ёфтааст. Аз ҷумла, тибқи банди 43 Низомномаи озмун, волидайне, ки фарзандони онҳо миёни гурӯҳи донишҷӯён ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии типи нав (литсейҳо, гимназияҳо ва мактабҳои хусусӣ), дар даври чорум ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ба даст меоранд, соҳиби нишони «Маърифатпарвар» ва «Ифтихорнома»-и Академияи миллии илмҳо мегарданд. Омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии типи нав (литсейҳо, гимназияҳо ва мактабҳои хусусӣ), ки шогирдони онҳо дар даври чоруми озмун барандаи Шоҳҷоиза ва сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм мегарданд, бо мукофоти пулӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Ёдрас мешавем, ки ин озмун бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри амалӣ намудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) соли сеюм аст, ки аз рӯйи 7 номинатсия ва 4 давр дар саросари мамлакат баргузор мешавад.

Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар айни замон дар фазои илмию таълимӣ ҳамчун падидаи нав дар раванди рушди тафаккури техникӣ мақоми хосса пайдо намудааст.

АКС: Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умаров

 

Октябрь 26, 2023 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд
Иштирокдорони Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон бо осори таърихию фарҳангии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Пагоҳ дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон оғоз гардиданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». 16 октябр Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик
«ИЛМ–ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 19 октябр даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Минск бахшида бо Рӯзи байналмилалии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш доир шуд
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд