Имрӯз иштирокдорони Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» ба тамошои неругоҳи «Норак» мераванд
ДУШАНБЕ, 18.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз сафари меҳмонони Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» — намояндагони синамои давлатҳои Осиё, Аврупо ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Норак дар назар буда, онҳо бо фаъолияти Неругоҳи барқи обии «Норак» шинос мешаванд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар медиҳад.
Ҳамзамон имрӯз дар Кинотеатри «Кайҳон»-и Маркази савдои «Ашан» дар барномаи озмунӣ, соати 10:00 то 11:45 филми коргардон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳдӣ Фард Қодирӣ бо номи «Озурдагон» («Раздраженный», «TheAnnoyed»), соати 13:00 то 15:15 филми коргардон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳиддин Музаффар бо номи «Дов» («Фортуна», «Fortune»), соати 15: 40 то 18:20 филми коргадон Мукеш Кумар Синх аз Ҷумҳурии Ҳиндустон бо номи «Кулбаи дилкаш» («Sweethomesweet»), филми коргардони тоҷик Манзарали Шералӣ бо номи «Сарбор» («Обуза»), филми коргардон Гаруш Казарян аз Арманистон бо номи «Дили сиёҳи ман» («MyBlackHeart») ва филми коргардони тоҷик Зайнулобиддини Мусо бо номи «Бебозгашт», инчунин соати 18:40 то 20:30 филми коргардон аз Тотористон Валерий Байкеева бо номи «Километри 823» ( «823-й километр» манзури тамошобинон гардонида мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки аз 15 то 19 октябри соли равон дар пойтахти мамлакат Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» баргузор мешавад. Дар он меҳмонони зиёде аз давлатҳои Русия, Узбекистон, Озарбойҷон, Чин, Фаронса, Ҳиндустон, Покистон, Қазоқистон ва ғайра иштирок доранд.
АКС аз манбаъҳои боз








Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид






