Имсол аз вилояти Хатлон 7576,0 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардидааст
ДУШАНБЕ, 15.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли равон аз ҳудуди вилояти Хатлон ба хориҷи мамлакат 7576,0 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла 5749 тонна таввасути мошин ва ҳавопаймо, 1914 тонна тариқи роҳи оҳан содирот карда шудааст. Тибқи иттилои манбаъ, ғайр аз ин, тавассути дидбонгоҳҳои гумрукии вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 64935 тонна маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон ба хориҷи мамлакат содирот гардида, дар маҷмуъ 72511 тоннаро ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки соли ҷорӣ дар бахши ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии вилояти Хатлон дар майдони 350391 гектар кишти зироати кишоварзӣ, аз ҷумла 137027 гектар ғалладонагӣ якҷоя бо тирамоҳӣ, 132568 гектар зироати техникӣ, аз ин 123251 гектар пахта, 5778 гектар картошка, 21195 гектар сабзавот, 13296 гектар полезӣ ва 15690 гектар зироати хӯроки чорво кишт карда шуда, дурнамои кишти ғалладонагиҳо 114 фоиз, сабзавот 103 фоиз, картошка 72 фоиз, полезӣ 111 фоиз, зироати техникӣ 100 фоиз, аз ҷумла пахта 100 фоиз, зироати хӯроки чорво 156 фоиз таъмин гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар маҷмуъ 1845 гектар зиёд мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд






