ИРТИБОТИ ДӮСТОНАИ НОШИРОН. Дар Душанбе Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» хотима ёфт
ДУШАНБЕ, 06.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 5 октябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва ҳайати меҳмонону иштирокчиён маросими хотимавии Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Роҳбарияти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон иброз доштанд, ки Намоишгоҳи ёздаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе», ки аз соли 2010 инҷониб бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад, ба анъанаи пойдори фарҳангӣ ва иртиботи дӯстонаи ноширони Тоҷикистон бо ҳамкасбони давлатҳои дӯст табдил ёфтааст.
Даври ёздаҳуми намоишгоҳ имсол дар яке аз марказҳои миллии фарҳангии мамлакат– Осорхонаи миллии Тоҷикистон доир гардид, ки баёнгари ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи амиқи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди фарҳанги миллӣ мебошад. Ин таваҷҷуҳи амиқи Сарвари давлати Тоҷикистон аз он бармеояд, ки фарҳангро «ҳастии миллат» унвон намудаанд.
Мояи хушнудӣ аст, ки имсол ноширони Федератсияи Русия дар доираи Соли забони русӣ дар қаламрави давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба ҳайси «меҳмони ифтихорӣ» дар даври ёздаҳуми Намоишгоҳи байналмилалии китоби «Китоби Душанбе» ҳузури фаъол доштанд.
Ноширони Узбекистон, Туркманистон, Беларус, Туркия, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҳиндустон, ки бо беҳтарин намунаи китобҳои муассисаҳои табъу нашри худ дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» иштирок намуданд, бо ин дар таҳкими равобити фарҳангии давлатҳоямон саҳми сазовор гузоштанд.
Директори Муассисаи нашриявии «Ирфон», номзади илмҳои педагогӣ Қурбон Ғуломзода бо изҳори таассуроти хеш аз ин намоишгоҳ ба АМИТ «Ховар» гуфт, ки «мақсад аз баргузории Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар Душанбе арҷгузорӣ ба ин манбаи дониш, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ ва ба ин васила бедор намудани ҳисси баланди масъулияти ватандӯстиву хештаншиносӣ ва саҳм гузоштан дар ҳифзи мероси фарҳангии миллӣ мебошад. Ин иқдом аз сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» бори дигар дӯстию муҳаббат ва эҳсоси самимияти ноширону китобдӯстдоронро намоиш дод».
Дар анҷоми намоишгоҳ меҳмонону иштирокчиёни фаъол аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо диплому ифтихорномаҳо ва сипосномаю туҳфаҳои хотирмон сарфароз гардонида шуданд.
Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» -ро метавон яке аз бузургтарин намоишгоҳҳои китоб дар дунё унвон намуд. Зеро он тавонист дар муддати хеле кӯтоҳ фурсати олиеро дар ихтиёри алоқмандони китоб ва аҳли илму андеша аз давлатҳои мухталиф қарор диҳад, то бо интишороти ҷадид ва китобҳои гуногун шинос шуда, дигаронро низ аз асарҳои хеш огоҳ созанд.
Ёдовар мешавем, ки намоишгоҳи китоб аз 3 то 5 октяб дар шаҳри Душанбе идома ёфт.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад






