ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ-2023/24. Имрӯз «Истиқлол» бо «Ал-Наср» бозӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 02.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 2 октябр дар шаҳри Риёз бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2023/24 дар гурӯҳи «Е» байни дастаҳои «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ ва «Истиқлол»-и Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Ин бозӣ соати 21:00 ба вақти маҳаллӣ (23:00 ба вақти Душанбе) дар варзишгоҳи «Ал-Аввал Парк»-и Риёз доир мегардад.
Ёдовар мешавем, ки 19 сентябр бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2023/24 байни Чемпиони Тоҷикистон — дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Ал-Дуҳайл»-и Қатар, ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор гардид, бо натиҷаи мусовии 0 бар 0 ба анҷом расид.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд






