«ЛУҒАТДОНИ БЕҲТАРИН». Дар шаҳри Норак даври вилоятии озмун баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 22.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3-и шаҳри Норак даври вилоятии озмуни «Луғатдони беҳтарин» аз фанни забони англисӣ байни хонандагони муассисаҳои таълимии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак хабар медиҳад.
Озмун ба васеъ намудани донишу фаҳмиш, забондонӣ ва ғанӣ гардонидани захираи луғавии наврасон мусоидат мекунад.
Бояд гуфт, ки озмуни вилоятии «Луғатдони беҳтарин» бо ташаббуси Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар соли таҳсили 2022-2023 ташкил гардида, соли дуюм аст, ки баргузор мешавад.
олибони озмун муайян гардида, бо Ифтихорнома ва мукофот қадрдонӣ мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки бо фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз 13 сентябри соли 2022 омӯзиш ва аз ёд намудани 400 вожаи серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ барои омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11), устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна, олии касбӣ ва кормандони соҳаи маориф ва илм ҳатмӣ дониста шудааст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак








Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба нақши осори Саттор Турсун дар адабиёти муосири тоҷик ҳамоиш баргузор шуд
Даври якуми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2026 оғоз мегардад
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар Стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» то 1 апрел идома меёбад
Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид
Байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Эфекта»-и Британияи Кабир Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
54 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифт
Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳоро ба муассисаҳои таҳсилоти олии Озарбойҷон оғоз намуд
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ баргузор гардид
Ҷаласаи кории ҳайати комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
Зиракии сиёсӣ ва худшиносии миллӣ-омили муқовимат ба таҳдидҳои замони муосир
«КИТОБ — БЕҲТАРИН АРМУҒОН». Ба китобхонаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон беш аз 200 китоб тақдим гардид






