Манораи «афтанда» дар Италия аз сабаби хавфи зиёди фурӯравӣ баста шудааст
ДУШАНБЕ, 28.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри шимолии Италия- Болония манораи асримиёнагӣ барои тамошо аз сабаби пайдо шудани шубҳа дар мустаҳкамии он баста шуд, иттилоъ медиҳад «Euronews».
Мири шаҳри Болония Маттео Лепоре итминон дод, ки тамоми корҳои зарурӣ анҷом дода мешаванд. Бо фармони мақомот ҳаракати нақлиёт дар атрофи манора қатъ гардид, то олимон тавонанд устувории онро назорати пурра намоянд.
Гаризенда дар солҳои 1109-1119 сохта шудааст. Баландии манора 48 метрро ташкил медиҳад.
Манора дар зери нишебии чор дараҷа истодааст. Масалан, манораи машҳури Пизан дорои каҷии панҷдараҷагӣ мебошад. Гаризенда аллакай чанд аср инҷониб хам шуда меистад- дар асри XIV онро бинобар хавфи афтидан даҳ метр буриданд. Дар соли 2019 дар атрофи манора панҷараҳои пӯлодӣ насб намуданд, соли 2022 таҳкурсии онро мустаҳкам гардонданд. Аммо, ба назар чунин мерасад, ки ҳамаи ин кӯшишҳо то ҳол мушкилиро ҳал нанамудаанд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд






