Масъалаи ҷалби сармояи Қатар дар татбиқи лоиҳаҳои иқтисодии Тоҷикистон дар Душанбе баррасӣ шуд

Октябрь 19, 2023 15:45

ДУШАНБЕ, 19.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи ҷалби сармояи Қатар дар татбиқи лоиҳаҳои иқтисодии Тоҷикистон дар мулоқоти муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Хуршед Мирзо бо Роҳбари бахши сармоягузориҳои Осиё ва Африқо дар Идораи сармоягузории Қатар, Раиси Шурои директорони Ширкати фаромиллии телекоммуникатсионии «Ooredoo Group» Шайх Файсал ибни Сонӣ Оли Сонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ иттилоъ медиҳад, ки ба меҳмонон доир ба фазо ва имконияти сармоягузорӣ дар Тоҷикистон маъълумот пешниҳод гардид.

Ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориро дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва энергетика баррасӣ намуданд.

Намояндагони ҳайати Давлати Қатар ҳавасмандии худро барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории пешниҳодшуда иброз намуданд.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ

Октябрь 19, 2023 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд