МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тағйирёбии ҳаво ба саломатии инсон чӣ гуна таъсир мерасонад?
ДУШАНБЕ, 12.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, даҳаи дуввуми моҳи октябр пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар аст. Пастшавии ҳарорат дар бисёр ҳолат ба саломатии инсон таъсир расонида, боиси авҷгирии бемориҳои гуногун мегардад. Ин бемориҳо кадомҳоянд ва ба саломатии инсон чӣ гуна таъсир расонида метавонанд?
Директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвина Мухторова ба шаҳрвандон тавсияҳои муфид медиҳад.
Бемориҳои мавсимӣ бо зуком оғоз мегарданд
«Сардшавии ҳаво дар бисёр ҳолат боиси пайдошавии бемориҳои шадиди вирусии роҳҳои нафас, бемории илтиҳоби гулӯ, бемориҳои илтиҳоби ковокиҳои димоғ, илтиҳоби найчаҳои ҳавогузари узвҳои нафас ва илтиҳоби шушҳо мегардад. Саршавии чунин бемориҳо бо зуком оғоз гашта, ба пайдоиши дигар бемориҳо замина мегузорад», -иброз дошт ӯ.
Ба гуфтаи мутахассис, бо фарорасии фасли тирамоҳ, ки ба тағйирёбии зуд-зуди ҳаво, боду борон, намнокӣ рабт дорад, бемориҳои музмин ва зуком хурӯҷ менамоянд. «Дар баробари авҷи бемории зуком бемориҳои мавсимӣ, ба монанди дарди сар, хастагӣ, хоболудӣ, депрессияи тирамоҳӣ, касалиҳои вирусии роҳҳои болоии нафас, систит, бемориҳои системаи мушакҳо, ҳассосияти пӯст ва афзоиши вазн низ ба мушоҳида мерасанд», -афзуд ҳамсуҳбати мо.
Сабаби пайдоиши бемориҳо чист?
Ба гуфтаи ӯ, дар ин шабу рӯз, ки ҳаво ҳанӯз чандон сард нест, баъзе аз нафарон ба пӯшидани либосҳои гарм аҳамият намедиҳанд. Маҳз ҳамин сабаб мешавад, ки онҳо ба зудӣ шамол кашида, ба зуком гирифтор мешаванд.
«Инро ба инобат гирифта, масъулони Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим» дар байни аҳолии шаҳри Душанбе корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом дода, ба шаҳрвандон барои пешгирӣ аз ин бемориҳо тавсияҳои муфид низ медиҳанд. Пеш аз ҳама, мутахассисони мо ба занон тавсия медиҳанд, ки кӯдаконро либосҳои гарм пӯшонанд, зеро организми онҳо нисбатан нозук буда, метавонанд зуд бемор шаванд», -иброз дошт Парвина Мухторова.
Масунияти паст низ сабаби авҷи беморӣ мегардад
Ҳамсуҳбати мо шарҳ дод, ки яке аз сабабҳои асосии пайдоиши бемории мавсимӣ- ин системаи заифи иммунитет мебошад. Инчунин дар фасли тирамоҳ мубодилаи моддаҳо дар бунияи инсон камтар шуда, масунияти бадан ва тобоварии он ба аксари бемориҳо суст мешавад. Камтар шудани гармии Офтоб, омезиши сардию гармии шабонарӯзӣ, фаро расидани сардиҳои субҳгоҳӣ ва дигар хусусияти табиии фасли тирамоҳ ба ин сабаб мегардад.
«Аз ин рӯ, шумо бояд тамоми сол барои саломатии худ ғамхорӣ намоед: аввалан бояд маҳсулоти табиӣ интихоб ва ғизои солим истеъмол намоед, дуруст истироҳат ва варзиш намоед. Фаромӯш набояд намуд, ки дар ҳаёт омилҳои зиёди берунӣ мавҷуд ҳастанд, ки системаи масуниятро пайваста заиф менамоянд»,-гуфт ӯ.
Чаро дар тирамоҳ зуком бештар мешавад?
«Зуком бемории вирусӣ буда, давомнокии он 3-7 рӯзро дар бар мегирад. Хавфи асосии ин беморӣ дар оризаҳояш мебошад. Бештар илтиҳоби шуш, илтиҳоби пардаи гӯш, ки онро отит ҳам мегӯянд, бронхити шадид аз ҷумлаи оризаҳои зуком мебошанд, ки метавонанд шакли музмин гиранд. Зуком бештар дар ҳавои намӣ — фаслҳои зимистону баҳор пайдо мешавад. Кӯдакону пиронсолон ба гурӯҳи осебпазир дохил мешаванд ва барои пешгирии зуком ва сармохӯрдагӣ маҳсулоте, ки дар он бештар витамини С мавҷуд аст, тавсия дода мешавад», -иброз дошт ҳамсуҳбати мо.
Ба тавсияи мутахассис, агар ҳарорати бадан то 37,5 дараҷа бошад, худи ҷисми инсон бо он мубориза мебарад. Дар ҳолати аз 37,5 боло рафтани тасфи бадан доруи ҳароратпасткунанда ё дигар доруҳои таркибашон дорои паратсетамол барои кӯдакон ба миқдори 10 мг ба 1 кг вазни бадан ва барои калонсолон ба миқдори 500 мг дар як рӯз 3 — 4 маротиба тавсия дода мешавад. Дар ҳолати баланд шудани ҳарорати бадан ҳатман ба пизишк муроҷиат намудан зарур аст.
Чӣ бояд намуд?
Ҳамсуҳбати мо иброз медорад, ки ҳар шахс бояд дар хотир дошта бошад, ки афсурдаҳолӣ ва асабоният метавонанд сабаби мушкилоти саломатӣ дар тирамоҳ бошанд. Тавре мегӯянд, саломатии ҳар шахс дар дасти худи ӯст. Аз ин рӯ, шумо бояд бо руҳияи мусбат зиндагӣ намуданро ёд гиред ва аз ҳаёт лаззат баред. Ва муҳимтар аз ҳама, бидонед, ки мушкилии мавсимии саломатӣ метавонад муваффақона ҳал шавад, агар шумо сабаби пайдоиши онро сари вақт фаҳмед», -таъкид намуд мавсуф.
Ба гуфтаи ӯ, дигар нуктаи муҳим- ин тағйир додани ғизо дар ин мавсим аст. Агар дар фасли тобистон одамон асосан нӯшокиҳои ташнагишикан ва хӯроки сабуки камравған истеъмол менамуданд, дар тирамоҳу зимистон маводи серғизо ба бадани инсон фоидаи хуб дорад. Омили дигар- ин тағйири реҷаи рӯз, машқҳои варзишӣ ва истироҳату фароғат аст. Хурӯҷ кардани бемориҳои мавсимӣ асосан аз риоя нанамудани ҳамин талабот ва реҷаи рӯз маншаъ мегирад.
Мутахассис тавсия медиҳад, ки бо мушоҳида намудани нишонаҳои аввалини шамолкашӣ ҳатман шахс бояд лимончойи гарм нӯшида, бегоҳ пойҳояҳояшро 10-15 дақиқа дар оби гарм гирад ва ба худтабобаткунӣ роҳ надиҳад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз