Муассисаи давлатии «Хона-интернати пиронсолон ва маъюбон»-и шаҳри Турсунзода ба шабакаи ягонаи гармидиҳии буғӣ пайваст гардид
ТУРСУНЗОДА, 14.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Хона-интернати пиронсолон ва маъюбон»-и шаҳри Турсунзода ба мавсими сармо пурра омода карда шудааст.
Муовини директор оид ба хоҷагии «Хона-интернати пиронсолон ва маъюбон»-и шаҳри Турсунзода Муҳаммад Бобозода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд гуфт, ки «бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон биноҳои муассиса ба шабакаи ягонаи гармидиҳии буғӣ пайваст гардид. Дар фасли зимистон ба воситаи ин шабака ҳуҷраҳои бошандагони муассиса пурра бо гармӣ таъмин мешаванд. Аз ин рӯ мувофиқи нақшаи зимистонгузаронӣ 100 тонна ангишти хушсифат ва 60 метри мукааб ҳезуми хушк захира шудааст».
Масъулини Хона-интернати пиронсолон ва маъюбон ҳар ваҷаб замини назди муассиса ва хоҷагии ёрирасонро самаранок истифода бурда, аз он ду-се ҳосил ба даст оварданд. Аз ҳисоби ҷамъоварии ҳосили заминҳои муассиса барои зимистонгузаронии бошандагон 7750 кг гандум, 1500 кг картошка, 335 кг сирпиёз, 970 кг помидор, 800 кг боимҷон, 550 кг қаламфури булғорӣ ва 2250 кг ҷуворимакка истеҳсол шудааст. Кормандони хоҷагии ин муассиса зиёда аз 300 кг меваҳои зардолую себу олу хушк намуда, аз маҳсулоти назди муассиса 1500 зарфи шишагӣ шарбати мева, 120 зарфи шишагӣ шакароб, бодиринги шӯр ва қайлаи помидор захира намудаанд.
Дар айни замон дар заминҳои хоҷагии ёрирасони муассиса лаблабу, турб, шалғам, сабзӣ, карам, шолӣ, сабзӣ, лимӯ ва сирпиёз мавҷуд аст, ки аз онҳо барои хӯроки бошандагон самаранок истифода мебаранд.
Ба гуфтаи масъулини Хона-интернати пиронсолон ва маъюбон, дар ин муассиса 13 сар чорвои калони шохдор парвариш меёбад, ки ҳамарӯза шир ҷӯшида, барои истиқоматкунандагони муассиса хӯрок омода менамоянд.
Бо заҳматҳои шабонарӯзии кормандон дар заминҳои назди муассиса гармхона сохта шудааст, ки дар он дарахти лимӯ парвариш меёбад. Хушбахтона, бо мусоид омадани боду ҳаво ва сари вақт додани обу ғизо имсол ҳосили хуби лимӯ ба даст омад, ки пиронсолону маъюбон аз он истифода менамоянд.
Дар муассисаи мазкур дар айни замон 185 бошандаи гуногунмиллат бо ҳам дӯстона зиндагӣ менамоянд. Бо ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат ва меҳнати доимии кормандони муассиса барои онҳо беҳтарин шароити зиндагӣ муҳайё гардидааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд






