Нақшаи даромади буҷети ноҳияи Варзоб соли 2023 ба андозаи 113,8 фоиз иҷро гардид
ДУШАНБЕ, 11.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Нақшаи даромади буҷети ноҳияи Варзоб давоми нуҳ моҳи соли 2023 бо назардошти андози иҷтимоии буҷет ва ғайрибуҷетӣ ба андозаи 113,8 фоиз иҷро гардид. Чунин иттилоъ дода шуд зимни баррасии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳияи Варзоб давоми нуҳ моҳи соли 2023. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб хабар доданд.
Дар ҷаласа тазаккур дода шуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб сохтмон ва навсозии иншооти гуногуни ҷашнӣ пешбинӣ шудааст.
Гуфта шуд, ки ҷараёни татбиқи бандҳои Нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагӣ ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва кишти зироати тирамоҳӣ мувофиқи нақша амалӣ мешаванд.
Дар ҷаласа масъулин барои вусъати корҳои ободонию созандагӣ, таъмини фаъолияти доимии корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, иҷрои барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, дар сатҳи зарурӣ гузаронидани давраи тирамоҳу зимистон, истифодаи самараноку оқилонаи неруи барқ дар мавсими сармо ва пардохти саривақтии маблағи истифодаи он вазифадор гардиданд.
Ҳамзамон дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба истифодаи самараноки қитъаҳои замин, кишти зироати кишоварзӣ ва дар ҳар оила захира намудани маводи ғизоӣ барои на камтар аз ду сол, ташкили ярмаркаҳои фурӯши маҳсулот дар бозорҳо, иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, вазъи муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва фарҳанг ва расонидани кумак ба оилаҳои камбизоат баррасӣ шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб








ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






