Намояндаи Тоҷикистон дар конфренсияи илмии байналмилалӣ дар Москва иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 18.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 9-10 октябр дар шаҳри Москва таҳти унвони «Ташаккул ва тағйирот дар низоми байналмилалии сиёсӣ. Таҷрибаи таърихӣ дар шароити муосири тартиботи ҷаҳонӣ» конфренсияи илмии байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он мудири шуъбаи таърихи навтарини Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдулло Ғафуров иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ хабар медиҳад.
Абдулло Ғафуров дар мавзуи «Таъсиси сохтори нави сиёсии Тоҷикистон дар ибтидои асри ХХ» маъруза намуд.
Дар конференсия ҳамчунин олимон аз Англия, Франсия, Чин, Ҳиндустон, Бразилия, Зимбабве, Ирландия, Эрон, Тунис, Африқои Ҷанубӣ, Русия, Беларус, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон ва Арманистон иштирок намуда, масъалаҳои тартиботи нави сиёсӣ пас аз сулҳҳои Версал ва Ялтаву Потадам, вазъи имрӯзаи ҷаҳон дар замони мубориза баҳри тартиботи нави коллективиро мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
АКС: Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш








Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд






