Намояндаи Тоҷикистон дар конфронси байналмилалӣ дар Русия иштирок намуд

Октябрь 7, 2023 11:10

ДУШАНБЕ, 07.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 3 октябр бо ташаббуси Маркази иттилооти илмӣ-таҳлилии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия ва дастгирии Котиботи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия дар мавзуи «Вазъи Афғонистон ва таъсири он ба амнияти минтақа» Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид, ки дар он директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин марказ хабар доданд.

Дар кори конфронс намояндагони Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон,  Русия, Тоҷикистон, Узбекистон  ва Эрон иштирок намуда, доир ба вазъи сиёсӣ, амниятӣ ва иқтисодии Афғонистон  пас аз ду соли ҳукумати Толибон дар ин кишвар, пайомадҳои он барои давлатҳои ҳавзаи СААД ва берун аз он мубодилаи афкор  намуданд.

Баён гардид, ки бе ташкили ҳукумати фарогири сиёсӣ ва этникӣ дар ин давлат таъмини низоми муассири идоракунӣ, амният ва рушди осоишта имконнопазир аст.

Конфронси байналмилалӣ бо муколамаи судманд дар атрофи вазъи имрӯзаи Афғонистон ва таъсири он ба давлатҳои минтақа ва ҷаҳон хотима ёфт.

АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 7, 2023 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад