Нилуфар Азизова дар Фестивали байналмилалии хайриявии «Асои сафед» соҳиби медал шуд
ДУШАНБЕ, 11.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар натиҷаи баргузории марҳилаҳои интихобӣ дар Русия ва ҳашт давлати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштироккунандагони Фестивали 14-уми байналмилалии хайриявӣ муайян гардиданд, ки дар байни онҳо хонандаи синфи 10 литсейи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе Нилуфар Азизоваи 16-сола низ мебошад. Ӯ 10 октябр дар гала-консерти Фестивали байналмилалии хайриявии «Асои сафед» дар шаҳри Москва иштирок намуда, маҳорати худро нишон дод ва бо медали Фонди хайриявии «Бо амри дил» ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Дар даври интихобӣ Нилуфар Азизова таронаи «Вақте ту бовар мекунӣ»-ро («When You Believe») пешниҳод намуд. Ба гуфтаи созмондиҳандагони фестивал, ҳунари ӯ аз ҷониби муассис ва татбиқкунандаи лоиҳа баҳои баланд гирифт.
10 октябр Нилуфар Азизова дар гала-консерт дар байни зиёда аз 70 сарояндаи боистеъдоди дорои нуқсони босира аз давлатҳои гуногуни олам муваффақона иштирок намуда, ғолиби ин фестивал гардид.
Нилуфар Азизоваи 16-сола дар як дуэт (суруди дукаса) бо овозхони маъруфи рус Алсу ҳунарнамоӣ намуд. Тавре устоди Нилуфар гуфт, таронаи «Хоби зимистона» («Зимний сон») дар ҷашнвора аз ҳама ҷолибтарин буд.
Ӯ дар фестивал бо Сосо Павлиашвили, Анита Тсой, Дмитрий Колдун вохӯрда, ҳатто дар паси саҳна бо Юлия Паршута суруди «Чак-чаки борони баҳор»-ро суруд.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта як иштироккунанда аз Тоҷикистон Алим Музофирови 9-сола бо Денис Майданов дуэт хонда буд.
АКС аз манбаъҳои боз








Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд






