Ноҳияи Спитамен ғолиби бистрӯзаи дуюми мавсими пахтачинӣ гардид

Октябрь 23, 2023 16:25

ДУШАНБЕ, 23.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 23 октябр дар маркази вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд бо иштироки роҳбарияти вилоят ва намояндагони касбу кори гуногун ҷамъбасти бистрӯзаи дуюми мавсими пахтачинӣ доир гардид, ки дар он ноҳияҳои ғолиб муайян шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Таъкид карда шуд, ки дар асоси қарори Раиси вилояти Суғд аз 4 сентябри соли 2023 «Дар бораи тадбирҳои сари вақт ва беталаф ҷамъ овардани ҳосили пахтаи соли 2023» 1 октябр бистрӯзаи якуми мусобиқа байни шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳо ҷамъбаст ва ғолибон бо мукофоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қадршиносӣ шуданд.

Инак бистрӯзаи дуюми мавсими пахтачинӣ ҷамъбаст гардид.

Дар бистрӯзаи дуюми мавсими пахтачинӣ ноҳияи Спитамен ғолиб гардид. Кишоварзони ноҳия то имрӯз 9733,5 тонна пахта истеҳсол намудаанд, ки ба 66,4 дарсади нақша баробар аст. Ҷойи дуюмро заркорони ноҳияи Ашт соҳиб шуданд. Дар ноҳияи Ашт 11439 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки ба 80,5 дарсади нақша баробар мебошад. Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ дар​ бистрӯзаи дуюми маъракаи пахтачинӣ беҳтарин ҷамоат дониста шуд.

Дар байни механизаторон Мирмаҳмад Сафаров — механизатор аз хоҷагии деҳқонии «Меъроҷ»-и деҳоти Ҷомии ноҳияи Зафаробод, ки дар мавсими имсола беш аз 60 тонна дурри гаронбаҳо ҷамъоварӣ намудааст, ғолиби мусобиқа ва «Механизатори беҳтарин» дониста шуд. ​

Бояд гуфт, ки дар ин давра​ деҳқонони ботаҷрибаи хоҷагиҳои «Абдуқаҳҳор»-и ноҳияи Ашт, Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Абдураҳим Ҷумаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, «Бобо Ибод»-и ноҳияи Зафаробод, «Сангин Қуддус»-и ноҳияи Мастчоҳ,«Сазовор»-и шаҳри Конибодом, «Шаҳриёри Спитамен»-и ноҳияи Спитамен, «Ҳоҷӣ Ҳотамбек»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ва дар маҷмуъ дар миқёси вилоят беш аз 8000 хоҷагӣ марраро фатҳ намуда, исбот намуданд, ки ташкили дурусти кор, риояи қоидаҳои агротехникии парвариш ва сари вақт ҷалб намудани қувваҳо гарави муваффақият мебошад.​

Раиси вилоят ғолибони мусобиқаи меҳнатиро табрик гуфта, ба раисони навоҳии пахтакор дастур дод, ки​ саҳмдорону аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҳашарчиёнро ҳавасманд созанд, то дар ҷамъоварии саривақтии ҳосили фаровони пахта фаъолона иштирок намоянд.

            Пахтакорӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ва муҳими иқтисодии вилоят ба шумор рафта, рушди минбаъдаи он ба таъмини корхонаҳо бо ашёи хоми ватанӣ, зиёд гардидани ҳаҷми содирот, воридоти асъори хориҷӣ ва таъмини шаҳрвандон бо ҷои кор мусоидат менамояд.

АКС: Хадамоти матбуоти Расиси вилояти Суғд

Октябрь 23, 2023 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд