«ОБ БАРОИ ОЯНДАИ МО». Дар Душанбе таҳти ин унвон Фестивали ҷавонони пойтахт баргузор шуд

Октябрь 27, 2023 11:33

ДУШАНБЕ, 27.10.2023 /АМИТ «Ховар»/.  25 октябр дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Умари Хайёми пойтахт бо ташаб­буси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Фестивали ҷавонони пойтахт таҳти унвони «Об — барои ояндаи мо» баргузор гардид.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи иҷроия хабар медиҳад.

Меҳмонони фестивал Осорхонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон воқеъ гардидааст, тамошо намуда, сипас дар Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Тоҷикистон — ташаббускори масоили об дар сатҳи ҷаҳонӣ» иштирок  намуданд.

Дар фестивал иброз гардид,  ки мақсад аз баргузории он, пеш аз ҳама, таблиғу ташвиқи ҳамаҷонибаи ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи обу иқлим мебошад.

Гуфта шуд, ки таърихи даврони навини давлатдории тоҷикон таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳ аст, ки ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об, пеш аз ҳама, ба таҳкими ҳамкорӣ ва танзими муносибатҳо дар ин соҳаи ҳаётан муҳим равона гардида, барои ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор заминаи пойдор мегузоранд.

Воқеан ҳам мушкилоти таъмини об барои аҳолии кураи Замин сол ба сол зиёд мегардад. Зеро айни ҳол тибқи маълумоти оморӣ, қариб 1 млрд одам дар дунё ба оби тозаи ошомиданӣ ва 2,6 млрд нафар ба шароити одитарини санитарӣ дастрасӣ надоранд. Зиёда аз 80 давлат норасоии захираҳои обро эҳсос менамоянд, ҳар ҳафта 42 ҳазор нафар аз бемориҳое, ки ба сифати пасти оби ошомиданӣ ва шароити ғайрисанитарӣ вобастаанд, мефавтанд, ки бештар аз 90 фоизи онҳо кӯдакони то 5-сола мебошанд. Хушксолӣ ва биёбоншавӣ ба манбаи воситаҳои зиндамонии зиёда аз 1,2 млрд нафар мардуми дунё таҳдид менамояд. Аз ин хотир, ташаббусҳои ҷониби Тоҷикистон на танҳо аҳамияти минтақавӣ, балки байналмилалӣ касб намудаанд.

Дар идомаи фестивал дар мавзуъҳои «Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикис­тон дар соҳаи обу иқлим» ва «Тоҷикистон — пешоҳанги масоили ҳифзи пиряхҳо дар ҷаҳон» маърузаҳо пешкаш гардиданд.

Пас аз анҷоми конференсия, ки дар ҳошияи Фестивали ҷавонони пойтахт таҳти унвони «Об барои ояндаи мо» доир шуд, меҳмонон Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Умари Хайём, намоишгоҳи масоили обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳоро аз наздик тамошо намуда, дар мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯйи намудҳои футболи хурд, волейбол, бокс, чавгонбозӣ, гимнастикаи бадеӣ иштирок намуданд. Ҳамчунин онҳо дар раванди тамринҳои варзишӣ, озмунҳои «Рассоми беҳтарин» ва «Иншои беҳтарин» иштирок намуданд.

Сипас маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони якчанд озмун баргузор ва ба ғолибони бахшҳои фестивал аз ҷониби Кумитаи тадорукот Диплом, Сипоснома, Ифтихорномаи ҳизбӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

Дар фарҷом барномаи рангини фарҳангӣ баргузор гардид.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

Октябрь 27, 2023 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-20262 иштирок намуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ мулоқот намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд