ОБОДОНӢ ДАР МАҲАЛ. Сокинони деҳаи Хайрободи Ҷамоати деҳоти Работ 1,5 км роҳи байнидеҳавиро бетонпӯш менамоянд
ДУШАНБЕ, 31.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони деҳаи Хайрободи Ҷамоати деҳоти Работи шаҳри Турсунзода барои бетонпӯшкунии 1,5 км роҳи байнидеҳавӣ ба ҳашарӣ умумӣ баромада, дар ободии маҳали зист саҳм мегузоранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар доданд.
Дар ин кори хайр саҳми соҳибкорони маҳаллӣ ва ҷавонони ватандӯсти деҳа калон буда, онҳо иқдом гирифтаанд, ки дар оянда 1 км роҳи дорои аҳамияти маҳаллиро аз маркази ҷамоат то деҳа асфалтпӯш намоянд.
Тавре дар мақомоти шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд ҷараёни корҳои бетонпӯшкунии роҳ дар сатҳи зарурӣ қарор дошта, ин гуна иқдоми ташаббускорона шоистаи таҳсин мебошад.
Дар дигар деҳаҳои ҷамоат низ корҳои ободониву созандагӣ, асфалтпӯш ва бетонпӯш намудани роҳҳо бомаром идома доранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар боғчаи бачагонаи «Кайҳон»-и шаҳри Конибодом атраксионҳои нав ба истифода дода шуданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди иншооти муосир симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ дигаргун гардидааст
Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад






