ОФАРИН! Абубакр Шеров барандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон шуд
ДУШАНБЕ, 06.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони ҷавону умедбахши тоҷик Абубакр Шеров дар вазни то 73 кг дар рӯзи дуюми Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо дар Португалия ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф гардид. Ин аввалин медали Абубакр Шеров дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон мебошад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Абубакр Шеров дар даври аввал Руслан Коротичи амрикоӣ, дар даври дуюм Габриел Фалкаои бразилӣ, дар даври сеюм Гергели Адорҷании маҷориро мағлуб намуда, дар даври чаҳорякниҳоӣ аз Алмат Адилети қазоқ мағлуб шуд ва ба даври тасаллобахш рафт.
Дар даври тасаллобахш Абубакр бо Элиот Преве аз Фаронса зафар ёфта, дар мубориза барои медали биринҷӣ бар Кейто Киҳараи ҷопонӣ ғолиб омад ва медали биринҷии мусобиқаро соҳиб шуд.
Ғолибони вазни -73 кг
1.Вусал Галандарзода (Озарбойҷон)
2.Ҷак Ёнезука (Амрико)
3.Абубакр Шеров (Тоҷикистон)
3.Муҳаммад Газалоев (Белгия)
Дар ин рӯзи мусобиқа варзишгари дигари тоҷик Муҳиддин Асадуллоев дар вазни то 73 кг баромад намуда, то ба даври ҳаштякниҳоӣ расид. Дар даври аввал Муҳиддин бар Абдулло Алиеви қирғиз, дар даври дуюм Рикардо Гуерраи мексикоӣ ғалаба намуда, дар даври сеюм аз Ҷак Ёнезукаи амрикоӣ ноком шуд.
Дар рӯзи якуми мусобиқа ҷудочии тоҷик Фазлиддин Садриддинзода дар вазни то 66 кг дар даври аввал бо 2 имтиёзи вазарӣ аз Энхтур Ҷугдергарави муғул шикаст хӯрд.
Ёдовар мешавем, ки 4 октябр дар шаҳри Одивелоси Португалия дар доираи «World Judo Tour» Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон оғоз ёфт, ки то 7 октябр идома меёбад.
АКС аз манбаъҳои боз








«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд






