ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: 13-14 октябр дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии Тоҷикистон таҳдиди омадани сел боқӣ мемонад

Октябрь 12, 2023 11:09

ДУШАНБЕ, 12.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии  Тоҷикистон, 13 октябр дар ҳудуди ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва якчанд шаҳру навоҳии вилояти Хатлон (Кӯлоб, Ховалинг, Муъминобод, Балҷувон ва Шамсиддини Шоҳин), ҳамчунин ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст. Дар ин рӯзҳо боронҳои пуршиддат ба амал омада, шамол дар як сония то 17-22 метр мевазад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ин ҳолат ба таваҷҷуҳи меҳмонон ва сокинони мамлакат мерасонад, ки эҳтиёт намоянд.

Ба иттилои Кумита, дар натиҷаи бориш дар дарёҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, афзоиши сатҳи об пешбинӣ шудааст. Ҳарорати ҳаво 10—15 дарача паст мешавад.

13-14 октябр дар якчанд ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии ҷумҳурӣ, ба истиснои Бадахшон таҳдиди омадани селҳо боқӣ мемонад.

Дар натиҷаи бориш ҳолатҳои фавқулодаи зерин метавонанд ба амал оянд:

— эҳтимоли зиёд шудани садамаҳои нақлиётӣ дар шоҳроҳҳо, махсусан дар қитъаҳои кӯҳӣ ва роҳҳои кӯҳӣ, маҳдуд шудани ҳаракати нақлиёт дар роҳҳо дар натиҷаи вайрон шудани пулҳо, обхезӣ ва ҳодисаҳои дигар;

— эҳтимоли зери об мондани маҳалҳои аҳолинишин аз оби боронҳои шадид дар сурати  аз ҷӯву заҳбурҳо берун шудани об;

— эҳтимоли обхезӣ дар қитъаҳои алоҳидаи роҳҳо, минтақаҳои пастхамӣ дар натиҷаи сели шадиди тӯфон, баланд шудани сатҳи оби дарёҳои хурд, зери об мондани хоҷагиҳо, роҳҳо, заминҳои кишоварзӣ ва иморатҳои ёрирасон.

Кумита ба хотири ҳифзи хонаҳо ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ аз оқибатҳои сел аз аҳолӣ хоҳиш менамояд, ки ҷӯйборҳои назди ҳавливу манзилҳои худ ва селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хошок ва сангу хок тоза намоянд.

Кумита ҳушдор медиҳад, ки ҳавои номусоид метавонад боиси осеб дидани ноқилҳои барқ, афтидани дарахтон, зарар дидани боми хонаҳо, сутуни рекламаҳо шавад. Аз ин рӯ, ҳангоми дар берун будан бояд қоидаҳои бехатариро ҷиддӣ риоя намуд.

Кумита шаҳрвандонро даъват мекунад, ки қоидаҳои одитарини бехатарии шахсиро риоя намуда, аз сайру гашт дар кӯҳистон, ҷамъоварии ҳезум ва дигар зироати кишоварзӣ, ки дар манотиқи кӯҳистон мерӯянд, худдорӣ намоянд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ даъват менамояд, ки ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, воситаҳои нақлиёти худро пешакӣ омода созанд ва то ҳадди имкон аз рафтан ба минтақаҳои хатарнок худдорӣ намоянд.

Кумита хотиррасон менамояд: дар сурати рух додани ҳолатҳои хатарнок ба рақами 112 ё ба қисми навбатдорӣ бо рақамҳои: (+992) 93 880 28 19, 223 13 11 занг занед.

АКС аз бойгонӣ

Октябрь 12, 2023 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Касбомӯзӣ метавонад яке аз роҳҳои муассири пешгирии гаравиши наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро бошад
Табибони тоҷик боз як усули нави ҷарроҳиро амалӣ намуданд
Маърузаи навбатии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба Президенти Тоҷикистон пешниҳод гардид
Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба муносибати таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар партави ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон ба оилаҳои ниёзманд дар шаҳри Душанбе кумак расонида шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон конфронс доир шуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
Дар ноҳияи Ёвон намоиши ҷойи нави кор баргузор гардид
Масъалаи рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид