ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Замони баргузории бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Урдун муайян шуд

Октябрь 31, 2023 11:32

ДУШАНБЕ, 31.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябр, соати 18:00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозии якуми дастаи мунтахаби  миллии Тоҷикистон оид ба футбол  дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 баргузор мешавад. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон   дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 бо дастаи мунтахаби  яккачини Урдун бозӣ менамояд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад. 

Дастаи  мунтахаби Тоҷикистон дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» 21 ноябри соли равон дар шаҳри Исломобод бо  дастаи мунтахаби Покистон рақобат менамояд.

Тибқи нақшаи ситоди мураббиён, дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 10  ноябр дар шаҳри Душанбе оғоз менамояд. 

Дар асоси  натиҷаи даври дуюми интихобӣ ғолибони нуҳ гурӯҳ ва дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойи дуюмро мегиранд, муборизаро дар даври сеюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 идома дода, ҳамзамон соҳиби роҳхат ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 мешаванд.

    АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Октябрь 31, 2023 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад