ҶОМИ КФО-2023/24. Дастаҳои «Равшан»-и Тоҷикистон ва «Абдиш-Ата»-и Қирғизистон бозӣ менамоянд
ДУШАНБЕ, 11.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб — барандаи медали нуқраи чемпионати Тоҷикистон дар мавсими гузашта дар даври навбатии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2023/24 бо дастаи футболи «Абдиш-Ата» — чемпиони Қирғизистон бозӣ менамояд. Ин дидор 26 октябр, соати 19:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мешавад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
5 октябр дар шаҳри Ашқободи Туркманистон бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2023/24 дар минтақаи марказӣ байни дастаҳои футболи «Олтин Асир»-и Туркманистон ва барандаи медали нуқраи чемпионати Тоҷикистон дар мавсими гузашта- дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.
Вохӯрии дастаҳои футболи «Олтин Асир»-и Туркманистон ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар варзишгоҳи «Ашқобод» дар ҳузури 16 000 нафар мухлис баргузор шуда, бо ҳисоби мусовӣ: 1 бар 1 ба анҷом расид. Тӯбҳоро аз ҳайати дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб – Эммануэл Мваненго дар дақиқаи 17-ум ва аз ҳайати мизбонон Оразсаҳед Муратбердиев дар дақиқаи 52-юм ба нишон расониданд.
Ёдовар мешавем, ки дар даври аввал дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо дастаи «Марв»-и Туркманистон бо ҳисоби мусовии 0 бар 0 дар шаҳри Ҳисор бозӣ намуда буд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад






