«ҶОМИ МЕРДЕКА-2023». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар Куала-Лумпур ба бозии ниҳоӣ омода мешавад
ДУШАНБЕ, 16.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии Петр Сегрт омодагиро ба бозии ниҳоии мусобиқаи 42-юми байналмилалии «Ҷоми Мердека» идома медиҳад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба бозии дарпешистода тамринҳои навбатии худро анҷом дод.
Хотиррасон мешавем, ки вохӯрии ниҳоии мусобиқаи «Ҷоми Мердека-2023» байни дастаҳои мунтахаби Малайзия ва Тоҷикистон 17 октябр дар Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалил дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия баргузор шуда, соати 21:00 ба вақти маҳаллӣ (18:00 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад






