ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи Тоҷикистон дар бозии аввали марҳилаи интихобӣ бо дастаи Ҳиндустон бозӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 07.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 7 октябр дар шаҳри Душанбе марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 оид ба футзал дар гурӯҳи «Е» оғоз мешавад. Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Мянмар, Фаластин ва Ҳиндустон барои роҳхати қисми ниҳоии чемпионати Осиё байни ҳам мубориза мебаранд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 7 октябр бо дастаи мунтахаби Ҳиндустон бозӣ мекунад. Ҳамаи бозиҳо дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд. Нархи чиптаи одӣ 20 сомонӣ ва чиптаи категорияи «СIP» 50 сомонӣ мебошад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 оид ба футзал бо дастаҳои мунтахаби Ҳиндустон (7 октябр), Фаластин (9 октябр) ва Мянмар (11 октябр) бозӣ менамояд. Ҳама вохӯриҳо бо иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон соати 19:00 оғоз мешаванд.
Ғолибони ҳашт гурӯҳ, инчунин ҳафт дастаи беҳтарини ҷойи дуюм ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 оид ба футзал, ки аз 15 то 26 апрели соли оянда дар Тайланд баргузор мешавад, роҳ меёбанд.
Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 оид ба футзал
Гурӯҳи «Е» — Тоҷикистон, Мянма, Фаластин ва Ҳиндустон
Даври 1-ум | 7 октябр
16:00 – Мянма – Фаластин
19:00 – Тоҷикистон – Ҳиндустон
Даври 2-юм | 9 октябр
16:00 – Ҳиндустон – Мянма
19:00 – Фаластин – Тоҷикистон
Даври 3 | 11 октябр
16:00 – Фаластин – Ҳиндустон
19:00 – Тоҷикистон – Мянмар
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






