«ПЕШСАФОНИ ИДМ». Омӯзгори тоҷик соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гардид
ДУШАНБЕ, 27.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Омӯзгори тоҷик, директори Муассисаи давлатии Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Зафар Муродзода дар Озмуни байналмилалии «Пешсафони ИДМ» дар байни зиёда аз 1000 довталаб аз давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуда, бо нишони «Пешсафони ИДМ» қадрдонӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.
Озмуни байналмилалии «Пешсафони ИДМ» чанде қабл дар пойтахти Ҷумҳурии Узбекистон- шаҳри Тошканд ҷамъбаст гардида, дар он зиёда аз 1000 довталаб аз давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд.
Директори Муассисаи давлатии Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Зафар Муродзода даз рӯи номинатсияи «Технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ» ғолиб дониста шуда, бо нишони «Пешсафони ИДМ» қадрдонӣ гардид.
Бояд гуфт, ки Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии «Маркази рушди зеҳнӣ» аз Ҷумҳурии Тоҷикистон намзадии довталабонро аз рӯи 15 номинатсия пешниҳод намуда буд. Дар натиҷа вобаста ба муҳтавои мақолаҳо ва натиҷаҳои нишондодаи довталабон ғолибон муайян гардиданд.
Бояд тазаккур дод, ки технологияҳои иттилоотӣ дар замони муосир ба тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ пайваст гардида, мунтазам ташаккул меёбад. Бо назардошти муҳиммияти технологияҳои иттилоотӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ ба тасвиб расидааст, ки барои рушди ҳамгироии технологияҳои иттилоотӣ бо тамоми соҳаҳо заминаи мусоид фароҳам сохтааст.
Аз ҷумла, соҳаи маориф аз имконоти ин падидаи замони муосир васеъ истифода менамояд. Яке аз чунин дастовардҳои нодир дар заминаи татбиқи ташаккули ҳукумати электронӣ барномаи журнали электронии «eDonish» мебошад, ки саҳми Зафар Муродзода дар таҳияи он назаррас буда, доир ба татбиқи он дар муассисаҳои таълимии пойтахт пайваста кӯшиш менамояд. Ин аст, ки пешниҳоди мақола дар бораи «eDonish» ва дигар фаъолиятҳои назарраси ӯ аз ҷониби ташаббускорони Озмуни байналмилалии «Пешсафони ИДМ» мавриди таваҷҷуҳ ва қадрдонӣ қарор гирифт.
АКС: Муассисаи давлатии Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








Давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
То соли 2030 дар Тоҷикистон 800 муассисаи нави томактабӣ бунёд карда мешавад
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Беш аз 15 ҳазор хатмкунанда бо шароити таҳсил дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад
«Барномаи рушди таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба нақши осори Саттор Турсун дар адабиёти муосири тоҷик ҳамоиш баргузор шуд
Даври якуми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2026 оғоз мегардад
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар Стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» то 1 апрел идома меёбад
Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид






