Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ роҳи автомобилгарди қитъаи Ҳулбук — Темурмалик — Кангуртро расман ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 20.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 20 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон роҳи автомобилгарди қитъаи Ҳулбук — Темурмалик — Кангуртро расман ифтитоҳ намуданд.
Масофаи умумии ин қитъаи роҳ 60 километр ва паҳноии он аз 7 то 12 метрро ташкил дода, дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ мебошад.
Дар ин масир 76 қубури обгузар, ҷӯйборҳои бетонӣ дар ду канори роҳ, пойдеворҳои муҳофизатӣ, 5 пули мошингузар сохта шуда, дар асоси лоиҳа хатҳои уфуқӣ, аломати роҳ, чароғҳо ва дигар иншооти зарурӣ мутобиқ ба лоиҳа кашида шудааст.
Корҳои сохтмониву навсозӣ дар ин роҳ бо саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки рушди Осиё анҷом ёфтаанд.
Ёдовар мешавем, ки корҳои сохтмонӣ дар роҳи нақлиётгарди Ҳулбук- Темурмалик-Кангурт 1 ноябри соли 2021 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида буданд.
Лоиҳаи таҷдиду навсозии ин роҳи дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ бо ташаббус ва иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмин намудани ҳаракати бемамониати воситаҳои нақлиёт ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ба аҳолӣ амалӣ гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд. Корҳои паймонкорӣ дар роҳи мошингарди Ҳулбук – Темурмалик – Кангурт аз ҷониби ширкати чинии «China State Construction Xinjiang Construction Engineering Group Co» анҷом дода шудаанд.
Лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт аз ду марҳила иборат буда, марҳилаи якум: Ҳулбук – Темурмалик 33,4 км, марҳилаи дуюм- Темурмалик – Кангурт 25,17 км-ро дар бар мегирад.
Ифтитоҳи роҳи автомобилгарди ноҳияи Восеъ-Ҳулбук-Темурмалик- деҳоти Кангурт боз як қадами устувори дигар дар ҷодаи рушди сайёҳӣ дар мамлакат мебошад. Ҳоло дар қаламрави мамлакат дар баробари татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар самти бунёду таҷдиди роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ, инчунин як силсила лоиҳаҳо барои бунёди роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ бо ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ татбиқ мешаванд.









ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд






