Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 95-ро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 25.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 25 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 95 ба номи Исматулло Ҳикматуллоевро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти нави таълимӣ аз се ошёна иборат буда, дар доираи дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми соҳибкори ватандӯст Рустам Ҳикматуллоев аз рӯи лоиҳаи муосир бунёд ёфтааст ва барои 960 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Корҳои сохтмонӣ дар иншоот бо ҷалби 200 мутахассиси маҳаллӣ дар муҳлати муайянгардида бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида шуданд.
Таълимгоҳ аз 18 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла кабинетҳои фанни химия, физика, математика, биология, география, омодагии дифои ҳарбӣ, таълими меҳнат дар алоҳидагӣ барои писарону духтарон, синфхонаи технологияи иттилоотӣ бо 16 компютер, озмоишгоҳҳо, китобхона, толору майдончаи варзишӣ, 5 ҳуҷраи корӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Тамоми синфхонаҳои мактаб бо асбобу аёнияти зарурӣ таъмин буда, хонандагон бо истифода аз имконоти замонавӣ ба омӯзиши ҳамаҷонибаи барномаҳои давлатии таълимӣ, хосса фанҳои дақиқ фаро гирифта мешаванд.
Толори маҷлисии муассисаи таълимӣ бо тарҳи муосир бунёд ёфта, бо беш аз 200 ҷойи нишаст барои баргузории маҳфилу чорабиниҳои гуногун хеле мувофиқ мебошад.
Ҳамчунин бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби хонандагон ба намудҳои гуногуни варзиш дар бинои нави таълимӣ толори барҳавои варзишӣ ва майдончаи бозии тобистона бо тамоми лавозимоти зарурӣ сохта шудааст.
Толори варзишии муассиса барои бозиҳои баскетбол, волейбол ва тенниси рӯи миз пешбинӣ гардида, хонандагон имкон доранд дар майдончаи саҳни мактаб ба футболи хурд машғул шаванд.
Имконоти замонавӣ дар даргоҳи нави маърифат ба беҳтар гардидани сифати таълиму тарбияи насли ояндасози миллат таъсири нек расонида, ба таҳкими савияи дониши хонандагон мусоидати ҳамаҷониба менамояд.
Аснои шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар мактаб ва суҳбат бо хонандагону омӯзгорон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи пурсамару мақсаднок аз чунин имконоти замонавӣ ба масъулон дастуру ҳидоятҳо доданд.









«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд






