«ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА». Дар Душанбе бахшида ба ин иди касбӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 24.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи иттифоқҳои касаба таҳти унвони «Пешвои миллат ва иттифоқҳои касаба» ҳамоиши тантанавӣ доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Дар ҳамоиш роҳбарони воҳидҳои сохтории ташкилоти иитифоқҳои касабаи Точикистон, фаъолони ҳаракати иттифоқҳои касаба, собиқадорони ташкилот, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Иброз гардид, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ бори дуюм тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 23 декабри соли 2021 Рӯзи иттифоқҳои касаба ид карда мешавад. Таҷлили Рӯзи иттифоқҳои касаба ба ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд мебошад, зеро дар ҳамин рӯз- 24 октябри соли 2019 Сарвари давлат бо роҳбарону фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуда буданд.
Зимни мулоқот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд, ки «дар роҳи ноил шудан ба ин дастовардҳо дар баробари сохторҳои ҳокимияти давлатӣ иттифоқҳои касаба низ саҳм гузошта, онҳо ба ҳайси созмони оммавии мардумӣ масъулияти иштирок дар идоракунии ҷомеа, тарбияи кадрҳо, ҳалли масъалаҳои мубрами ҳаёт ва таъмини адолати иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти кормандон дар соҳаҳои иқтисоди миллиро ба уҳда доранд ва ҷиҳати ба амал баровардани вазифа ва салоҳияти қонунии худ бояд тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд».
Бояд гуфт, ки рисолати Иттифоқҳои касаба ҳамчун ташкилоти оммавӣ ҳифзу ҳимояи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, таҳкими сулҳу субот дар саросари мамлакат, ваҳдати миллӣ, ҳифзи манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии аъзои иттифоқи касаба ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ба ҳар корманд мебошад. Дар айни замон ташкилоти иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон фарогири 3 шурои вилояти, як шурои шаҳрӣ, 17 кумитаи соҳавӣ ва 18 ҳазору 366 ташкилоти ибтидоӣ буда, дар сафҳояш беш аз 900 ҳазор нафар аъзоро муттаҳид менамояд.


Дар солҳои истиқлолияти миллӣ қабули созишномаҳои генералӣ бори дигар собит намуд, ки ҳифзи манфиатҳои меҳнатии кормандон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани ҳифзи no breastcancer, коҳиш ёфтани сатҳи бекорӣ, сол ба сол зиёд шудани музди меҳнат ва татбиқи босуботи сиёсати иҷтимоӣ пайваста дар маркази фаъолияти Ҳукумати мамлакат қарор дошта, барои амалӣ намудани ин ҳадафҳо тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил ба сифати шарики боэътимоди ичтимоии Ҳукумат дар асоси Конститутсия, Кодекси меҳнат, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар баробари дигар ташкилоти ҷамъиятӣ дар таҳким ва рушди истиқлолияти миллӣ саҳми беандоза мегузорад.
Фаъолияти Иттифоқҳои касаба дар Тоҷикистон ба ҳайси ташкилоти ҷамъиятӣ ба санадҳои қонунгузорӣ асос ёфта, назорати ҷамъиятии риояи қонунгузории меҳнат маҳз бар дӯши ин ниҳод гузошта шудааст. Дар роҳи ноил шудан ба дастовардҳои назаррас баробари сохторҳои ҳокимияти давлатӣ Иттифоқҳои касаба низ саҳм мегузоранд.
Дар ҳамоиш бахше аз собиқадорон, фаъолони ҳаракати иттифоқҳои касаба ва роҳбарони ниҳодҳои ташкилот ба музокира баромада, андешаҳои хешро роҷеъ ба фаъолияти иттифоқҳои касаба иброз намуданд.
Дар фарҷоми ҳамоиш барои кори пурсамару судманд як зумра фаъолони иттифоқҳои касаба ва намояндагони воситаҳои ахбори омма бо сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд






